Бадахшон дар бунбаст: Ҳоло зарурат барои дархости чархбол ё техникаи иловагӣ нест (АКС)
Иршод СУЛАЙМОНӢ
Шодихон Ҷамшед, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мегӯяд, боришоти зиёд дар чанд рӯзи охир вазъро дар минтақа хеле нигаронкунанда кардааст. Аммо ӯ гуфт, вазъият таҳти назорати ҳукумати вилоят ва Ситоди ҳолатҳои фавқулода буда, онҳо тамоми имкони таъмини амнияти ҷониву ғизоии мардумро доранд: “Ҳоло дар сатҳи ҷамоатҳо, дар сатҳи деҳаҳо мардуме, ки дар мавзеъҳои хатарнок қарор доранд, кӯчонда шуда истодаанд. Трактору дигар техникаҳо барои тоза кардани роҳ дар масирҳои маркази вилоят бо дигар ноҳияҳои он, хусусан шоҳроҳи Душанбе-Қулма сафарбаршуда, дар ҷараёни боз кардани роҳ ҳастанд”.
Раиси вилоят дар суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” афзуд, ҳукумати вилоят ҳаракати мошинҳоро дар роҳҳои вилоят маҳдуд карда ва намегузоранд, ба ҷони мусофирону ронандаҳо зарар ворид шавад.
Нилуфар Асламшоева, сухангӯи ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мегӯяд, дар шабонарӯзи охир бар асари бориши барф ва фаромадани тармаву сангрезаҳо роҳҳои тамоми вилоят баста шудаанд ва танҳо роҳ дар масири Хоруғ-Роштқалъа боз асту халос. Ба гуфтаи хонум Асламшоева, дар Ванҷ ҳолати фавқулода эълон нашудааст: “Вазъ ба ҳадде нест, ки ҳолати фавқулода эълон карда шавад”.
Дар ҳамин ҳол, Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар суҳбат ба “Озодагон” тасдиқ намуд, ки шаби 15 ба 16-и феврал роҳи Душанбе-Хоруғ бар асари резиши сангу тарма масдуд шуд ва ҳоло тамоми иқтидори техникии мавҷуд дар ин масир барои боз кардани роҳ сафарбар шудаанд.
Бар асари бориши аз меъёри зиёди барф дар ВМКБ вазъи аз нигоҳи табиӣ ноустувор ба амал омадааст. Аз ҳама бештар вазъи нигаронкунанда дар ноҳияи Ванҷ, ба вижа дар қисмати Ванҷи боло дар ҳудуди ҷамоати Рованд ба вуҷуд омадааст. Дар баъзе деҳаҳо баландии барф то 2,5 метр расидааст. Сокинони маҳаллӣ ба “Озодагон” гуфтанд, дар ҳудуди ҷамоатҳои Техарву Рованди Ванҷ бар асари боридани барфи зиёд хатҳои интиқоли барқ канда шуда, мардум тамоман барқ надоранд. Ҳамчунин барфи зиёд роҳҳоро масдуд кардааст.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯяд, дар баъзе мавзеъҳо бар асари боришот имкони тоза кардани роҳҳо вуҷуд надорад, зеро ба ҷони роҳсозону тамизкорон хатар таҳдид мекунад ва то муътадилтар шудани боду ҳаво имкони тоза кардани ин гуна мавзеъҳо нест. Ба гуфтаи Шодихон Ҷамшед, ҳоло захираи кофии ғизо ҳам барои мардум ва ҳам барои ҷонваронро дар ихтиёр доранд ва ин гуна захираҳо аз ҷониби Агентии захираҳои моддии Ҳукумати Тоҷикистон ба маркази вилоят ва маркази ноҳияҳову ҷамоатҳо оварда шудаанд: “Бо боварии пура гуфта метавонам, ки мардум ва чорво бе хӯроку дигар маводи лозим намемонанд”.
Раиси вилоят мегӯяд, ӯ ҳоло дар роҳ аз Душанбе ба Хоруғ қарор дорад ва ҳар замон вазъиятро аз масъулон тариқи телефон мепурсад: “Ҳоло тамоми талоши мо ба он равона шудааст, ки талафоти ҷонӣ нашавад, зеро боришоти ин шабу рӯзҳо ба боришоти шадиди соли 1969 расидааст ва вилояти мо, ки куҳистон аст, имкони омадани тармаву сангрезаҳо зиёд вуҷуд дорад. Мо бо мардум корҳои лозимро бурда истодаем”.
Шуҳрат Шоисматов, иҷрокунандаи вазифаи раиси Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ВМКБ ҳам мегӯяд, имконоти мавҷуда барои таъмин кардани амнияти мардум ва минтақаҳо кофист ва дар сурати зарурат аз марказ дархости кӯмак мекунанд: “Вале ҳоло зарурат барои дархости чархбол ва ё техникаҳои иловагӣ нест”.
Ба гуфти Шуҳрат Шоисматов, ҳоло хисороти зиёде ба мардум расидааст, аммо хушбахтона то кунун талафоти ҷонӣ нест.
Бар асоси иттилои расида бар асари боридани барфи зиёд дар Ванҷ дарахтони зиёде шикастаанд ва дар маркази ноҳия, дар маҳаллаи Бобоҷон Ғафуров боми яке аз биноҳои дуошёнаи зисти мардум фурӯ рафтааст. Аз фурӯ рафтани боми як масҷид ҳам хабар мерасад.
Шодихон Ҷамшед, раиси вилоят дар суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” афзуд, иқдори техникии вилоят барои муътадил кардани вазъи бавуҷудомада кофист ва ҳоло тамоми техникаи мавҷуд дар вилоят ҳам аз ниҳодҳои давлатӣ ва ҳам аз соҳибкорону шахсони ҳуқуқӣ барои муътадил кардани вазъ ҷалб шудаанд: “Вазъи ноҳияи Ванҷ як миқдор фарқ мекунад. Бо раиси ноҳия ва ҳам бо раиси ҷамоати Рованд, ки аз ҳама бештар дар он ҷо барф боридааст, суҳбати телефонӣ доштам. Дар Бадахшон, ки 10-20 соли охир чандон барфи зиёд намеборид барфбории шадиди имсол мардумро ба воҳима андохт. Табиат аст, барф меборад, як муддат роҳҳо баста мешаванд ва ин ногузир аст. Мо бо табиат мубориза бурда наметавонем, вале тамоми чораҳоро дида истодаем”.
Нилуфар Асламшоева мегӯяд, ҳоло дар деҳаҳое, ки дар мавзеъҳои хатарнок қарор доранд таҳсил дар мактабҳо муваққат манъ карда шудааст.
Умеда Юсуфова, сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфт, ҳоло баҳогузорӣ ба вазъи ба амаломада ва мизони хосороти воридшуда дода нашудааст, зеро боришоти шадид ба ин имкон намедиҳад. Аммо Ситоди ҳолатҳои фавқулода ҳам дар сатҳи ноҳияҳо ва ҳам дар сатҳи вилоят фаъолияти шабонарӯзӣ доранд. Аксҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |