С.Аслов: Аз узвияти Афғонистон дар СҲШ ҷонибдорӣ мекунем (АКС+ВИДЕО)
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, Тоҷикистон барои узвияти Афғонистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай пуштибонӣ мекунад. Афғонистон ҳоло дар ин созмон мақоми нозирро дорад.
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 16 феврал дар як нишаст бо ҳузури ҳамтои афғонистониаш – Cалоҳиддин Раббонӣ ҳамкориҳои Душанбе ва Кобулро дар сатҳи баланд арзёбӣ кард. Ӯ афзуд, Тоҷикистон аз узвияти Афғонистон дар СҲШ пуштибонӣ мекунад ва ҳамкориҳоро бо ин кишвар дар доираи дигар созмонҳои минтақавӣ тақвият мебахшад.
Созмони ҳамкориҳои Шанхай соли 1996 таъсис ёфт ва дар ибтидо номи “Панҷгонаи Шанхай”-ро дошт. Он замон Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аъзои он буданд. Соли 2001 Узбакистон ҳам ба он пайваст. Ҳоло Муғулистон, Покистон, Ҳиндустон, Эрон ва Афғонистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай мақоми нозирро доранд. Аз соли 2008 Эрон талош дорад, ки ба узвияти ин созмон пазируфта шавад, аммо то имрӯз муваффақ нашудааст.
Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон аснои суханронӣ дар ин нишаст гуфт, миллатҳои ду кишвар бо пайвандҳои гусастнопазири динӣ, забонӣ ва фарҳангӣ дар тули таърих бо гунаи мусолиҳатомез дар канори ҳам зиста ва ҳеч гоҳе байни ҳам танишҳое надоштанд. Ӯ дар идома афзуд, дар суҳбати дуҷониба бо мақомоти Тоҷикистон бештар баҳс рӯи нигарониҳои муштарак аз таҳдидоти амниятӣ будааст: “Афғонистон нигаронии ҷониби Тоҷикистонро аз таҳдидоти амниятӣ ба хубӣ дарк мекунад. Ман имрӯз итминон дорам ки таъмини амнияти сарҳадоти кишварҳоямон аз авлавиятҳои неруҳои дифоии миллии Афғонистон қарор дошта, ба ҳеч гуруҳе иҷоза намедиҳанд аз сарзамини мо ба амнияти кишварҳои ҳамсоя осебе расонанд”.
Раббонӣ фаъолиятҳои гуруҳҳои террористиро мушкили минтақавию ҷаҳонӣ хонда, гуфт, “баъзе гуруҳҳои террористӣ имрӯз ба Афғонистон омада бо мақсади барҳам задани амният дар кишвар мехоҳанд ба дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон таҳдид намоянд, аммо неруҳои қудратии Афғонистон дар хатти пеши мубориза бо ин гуруҳҳо қарор дошта, ҳамарӯза дар ин роҳ қурбонӣ медиҳад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |