Юсуф Раҳмон: 230 сомонаро "блок" кардем...
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон имрӯз, 16-уми феврал зимни ҳисоботаш дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ изҳор дошт, ки шомилшавии тоҷикистониҳо ба ДИИШ ба маротиб кам шудааст.
Ӯ гуфт, дар пайи чораандешиҳо соли гузашта сафари тоҷикистониҳо ба ҷанги Сурияю Ироқ 5 баробар кам шудааст. Додситони кул афзуд, тариқи муайян кардани маҳаллаҳои осебпазир мубориза алайҳи ифротгароиро пурзӯр кардаанд.
Юсуф Раҳмон илова намуд, ки 230 сомонаи интернетии ифротгароро дар кишвар муайян ва масдуд кардаанд.
Ин изҳороти додситон дар ҳолест, ки феълан дар Тоҷикистон бархе аз сомонаҳои хабарӣ, аз ҷумла, “Озодагон”, Азия Плюс, “Озодӣ” ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ дастнорас мебошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |