Додситони кул: Хонаҳои ғайриқонунӣ давлатӣ мешаванд
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон имрӯз, 16-уми феврал зимни ҳисоботаш дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ масъалаи заминфурӯшӣ ва ояндаи хонаҳои ғайриқонунӣ сохташударо шарҳ дод.
Додситони кул гуфт, ҳам заминфурӯшҳо ва ҳам заминхарҳоро ба ҷавобгарӣ мекашанд. Ӯ таъкид намуд, хонаҳое, ки ғайриқонунӣ сохта шудаанд, ба фоидаи давлат гузаронда мешаванд.
Ба иттилои Юсуф Раҳмон аз ҳисоби муомилоти ғайриқонунии замин 495 миллион сомнонӣ зарари молиявӣ ошкор шуда, 924 қарори раисони шаҳраку ҷамоатҳо бекор гардиданд.
Ӯ афзуд, бо вуҷуди чораандешӣ заминфурӯшӣ ҳоло ҳам дар Тоҷикистон идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |