Аз А то Я: Президент бурду бохти Душанберо гуфт
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 15-уми феврал дар мулоқот бо фаъолон, соҳибкорон ва масъулини шаҳри Душанбе изҳор доштааст, ки ҳадафаш баррасии вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, мушкилоти мавҷудаи пойтахт ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо мебошад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз оғози солҳои 90-уми асри гузаштаи шаҳри Душанбе, ҳамчун маркази нооромиву бесуботӣ ва макони амалигардонии мақсадҳои ғаразноки душманони дохиливу хориҷӣ зикр карда, афзудааст, ки “дар он солҳо шаҳр ҳатто рисолати худро ҳамчун пойтахти мамлакат гум карда буд, зеро сохторҳои идоракунии давлат пурра фалаҷ гардида, тамоюли марказгурезӣ авҷ гирифт. Фикр мекунам, ки сокинони шаҳри Душанбе он рӯзҳои вазнину фоҷеабор, яъне айёмеро, ки мардум аз тарси ҷони худ ва аҳли оилаашон ҳатто ба кӯчаи шаҳри хеш ва ба ҷойи корашон баромада наметавонистанд, ҳаргиз фаромӯш намекунанд”.
Ба гуфтаи раисиҷумҳур маҳз чунин вазъи мураккабу буҳронӣ буд, ки маҷбур шудаанд, Иҷлосияи XVI - уми таърихии Шӯрои Олиро дар шаҳри Хуҷанд баргузор намоянд.
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳо барои пешбурди шаҳри Душанбе зикр карда, таъкид намудааст, ки ҳанӯз аз ҳамон давраҳо рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр таҳти назорати бевосита ва доимии роҳбари давлат қарор дошт. Ба гуфтаи ӯ барои рушди пойтахт дар ин муддат аз ҳисоби буҷети давлатӣ 18,6 миллиард сомонӣ сарф гардид: “Имрӯз шумораи корхонаҳои саноатии шаҳр ба 468 расидааст, ки нисбат ба соли 1991-ум 273 корхона ё 2,5 баробар зиёд мебошад. Вале бояд гуфт, ки соли 2016-ум 57 корхонаи саноатӣ бо сабаби фарсудашавии таҷҳизоти технологӣ ва камбудии молиявӣ аз фаъолият бозмонда, боиси коҳиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кам шудани ҷойҳои корӣ дар шаҳри Душанбе гардидааст. Инчунин, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар 160 корхона паст гардида, дар натиҷа аз 78 намуди маҳсулоти муҳимми саноатӣ истеҳсоли 31 номгӯй (40 фоиз) назар ба соли 2015 кам, 5 номгӯй маҳсулот (6,4 фоиз) умуман истеҳсол нашудааст ва дар натиҷа ҳаҷми содироти корхонаҳои саноатии пойтахт назар ба соли 2015-ум 33 фоиз коҳиш ёфтааст”.
Эмомалӣ Раҳмон илова намудааст, ки ҳукумати мамлакат, инчунин, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба иқтисодиёти шаҳри Душанбе беш аз 43 миллиард сомонӣ сармояи хориҷиро ҷалб намуд, ки қариб 70 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории хориҷии кишварро ташкил медиҳад: “Дар замони истиқлолият ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 63 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст”.
Таъини кадрҳои ҷавон дар Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки мақомоти идоракунии Душанбе фаъолияти худро дар доираи татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ба роҳ монад. Раисиҷумҳур гуфт, “мо ба хотири боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба кадрҳои ҷавону умедбахш барои таъин ба мансабҳои давлатӣ ризоият додем”.
Ташвиш аз пардохт нашудани ҳаққи барқ
Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин аз бунёди меҳмонхонаҳо, таҷдиди фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, лоиҳаи “Диёри Душанбе”, Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе - 2” зикр кардааст. Эмомалӣ Раҳмон афзуд, маҳз бо сабаби аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷро нагардидани қарори зикршудаи Ҳукумат мо натавонистем, ки аз аввали фасли сармо ба сарфаи нерӯи барқ муваффақ шавем ва зиёдатии онро ба дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат интиқол диҳем: “Хотиррасон менамоям, ки арзиши қувваи барқ дар Тоҷикистон назар ба аксари кишварҳои олам пасттарин мебошад. Вале бо мурури замон барои амалигардонии лоиҳаҳои таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии амалкунанда ва низоми энергетикии кишвар хароҷоти зиёд лозим мешавад ва аз ин лиҳоз, арзиши қувваи барқ ба меъёри муайян баланд мегардад”.
Президент масъалаи талафоти нерӯи барқ, пардохти маблағи барқи истифодашуда аз ҷониби аҳоливу корхонаҳоро ташвишовар хонда, илова намудааст, ки ҳарчанд мо барои насби ҳисобкунакҳо лоиҳаи сармоягузориро ба маблағи зиёд амалӣ намудем, вале натиҷаву самараи он қонеъкунанда нест: “Пардохти ҳаққи нерӯи барқи истифодашуда ҳоло ҳам ташвишовар буда, аз сокинони пойтахт тақозо мегардад, ки ҷиҳати гирифтани пеши роҳи истифодаи ғайриқонунии он бо Ширкати “Барқи Тоҷик” ҳамкорӣ намоянд”.
Президент сабаби харобии роҳҳоро гуфт
Раисиҷумҳур роҳҳоро дар Душанбе аз масоили ҳалталаб хондааст, ки боиси ташвиши сокинони пойтахт мебошанд: “Яке аз омилҳои суст ба роҳ монда шудани азнавсозии инфрасохтори коммуникатсионии шаҳри Душанбе бесабаб тӯл кашидани ҷараёни сохтмону таҷдиди роҳҳо, сатҳи пасти касбияти ширкатҳои ғолиби озмунҳо буда, илова бар ин, сифати корҳои анҷомдодашуда ба талаботи замона мутобиқ нест”.
Чаро мардум аз троллейбусу автобус кам истифода мебаранд
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон айни ҳол дар шаҳр 3 корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус» ва як корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» фаъолият мекунад, лекин бо сабаби номукаммалии идораи ин корхонаҳо, фарсуда ва кӯҳна будани нақлиёти мусофиркашонӣ, ба талаботи санитариву эпидемиологӣ ҷавобгӯ набудан ва ташкили нодурусти низоми мусофирбарӣ тариқи хатсайрҳо сокинони шаҳр ба мушкилиҳо дучор мегарданд: “Аз 477 автобус ва микроавтобусҳои ин коргоҳҳо беш аз 200 адади онҳо корношоям буда, боқимонда дар ҳолати на чандон хуби техникиву санитарӣ қарор доранд. Аз 166 троллейбусҳои мавҷуда дар 7 хатсайр ҳамагӣ 87 адади онҳо ба мусофирон хизмат мерасонанд. 79 адад троллейбусҳо корношоям мебошанд. Бинобар ин, зарур аст, ки роҳу усулҳои истифодаи нақлиёти замонавӣ бо технологияҳои муосир ҷустуҷӯ карда шаванд, то ки хизматрасонӣ ба мусофирон сари вақту босифат ва бо харҷи ками маблағҳои дотатсионӣ ба роҳ монда шавад”.
Чаро автобусҳо аз “старекс”-ҳо беҳтаранд?
Бар асоси гузориши Президент бо сабаби аз шаҳри Душанбе гузаштани 160-170 ҳазор нақлиёти боркашон ва мусофирбар ҳамарӯза ҳолатҳои тамбашавӣ ва садамавӣ ба амал омада, чунин вазъ ба ифлосшавии муҳити зист ва ҳавои шаҳр боис гардидааст: “Дар баробари ин, зиёд шудани воситаҳои нақлиёти камғунҷоиш (микроавтобусҳо) ва кам гардидани истифодаи нақлиёти ғунҷоишаш зиёд (троллейбус ва автобусҳо) боиси пастшавии сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт шудааст. Яке аз масъалаҳои муҳимми шаҳрдорӣ назорати партовҳо ба шумор рафта, ҳолати имрӯзаи пойтахт дар ин самт ниҳоят ташвишовар мебошад”.
Нигаронӣ аз донишу ахлоқи талабаҳо дар Душанбе
Дар мавриди маориф раисиҷумҳур изҳор доштааст, бо вуҷуди он ки дар замони истиқлолият дар шаҳри Душанбе 29 бинои таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои 24 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудаанд, ҳоло ҳам дар шаҳр муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ намерасанд ва илова бар ин, сатҳу сифати дониши хонандагон ва одобу ахлоқи онҳо коста гардидааст: “Вазъи фарогирии хонандагон ба мактабҳо нигаронкунанда буда, бо сабаби зиёд будани шумораи хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ синфхонаҳо намерасанд ва бо истифода аз ин ҳолат баъзе талабагон ба беҳудагардӣ машғул мешаванд”.
Бо ишора ба таҳсили зиёда аз чоруним ҳазор нафар хонандагони шаҳру ноҳияҳои атроф ва ташкили дарсҳо дар ду ва дар баъзе мактабҳо ҳатто дар се баст Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки назорату идоракунӣ дар ин муассисаҳо хеле заиф гардида, сабаби коҳиш ёфтани сифати таълиму тарбия шудааст: “Ҳамзамон бо ин, сатҳи корҳои тарбиявӣ ва маърифатӣ коҳиш ёфта, омилҳои зикршуда сабабгори зиёд шудани ҳолатҳои коррупсионӣ дар низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабии шаҳри Душанбе гардидаанд. Дар шаҳр марказҳои беруназмактабӣ, маҳфилҳои ихтироъкорӣ ва дигар машғулиятҳое, ки баъди дарс хонандагонро ҷалб намоянд, кам буда, ин масъала беҳбудӣ мехоҳад. Дар мактабҳо фаъолияти маҳфилҳои эҷодиву илмӣ ба талабот ҷавобгӯй набуда, омӯзгорон бо корҳои иловагӣ кам машғул мешаванд”.
Манъи вуруди то 14-солаҳо баъди соати 6 ва чораҷӯӣ алайҳи волидон
Эмомалӣ Раҳмон Вазорати маориф ва илмро муваззаф кардааст, ки якҷо бо мақомоти дигар дар муддати се сол дар шаҳри Душанбе 25 мактаби нави таҳсилоти умумӣ бунёд намоянд: “Илова бар ин, барои коҳиш додани шумораи беҳудагардон ва ҷалби хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот тадбирҳои самаранок андешанд. Аз ин лиҳоз, ба вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, инчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супориш дода мешавад, ки воридшавии хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва умуман, наврасони то синни 14 - соларо баъд аз соати шаши бегоҳӣ ба интернет – кафеҳо манъ намоянд. Ҳамзамон бо ин, мақомоти дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки дар хусуси ба Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ворид намудани ҷавобгарӣ нисбат ба падару модароне, ки фарзандони худро беназорат мегузоранд, чораҷӯӣ намоянд”.
Кори маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ба талабот ҷавобгӯй нест
Дар мавриди тандурустӣ Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки соли 2016-ум 49 беморхона ва дигар муассисаҳои тиббӣ ба 820 ҳазор нафар аҳолӣ хизмат расонидаанд: “Дар баробари ин, дар шаҳр 58 муассисаи ҷумҳуриявии соҳаи тиб фаъолият карда, 202 муассиса ба фаъолияти хусусии тиббӣ машғуланд, ки ба шаҳрвандони пойтахт хизмат мерасонанд. Ҳамчунин, 506 дорухона ва 9 корхонаи дорусозӣ дар хизмати аҳолии шаҳр қарор дорад”.
Раисиҷумҳур дар бораи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” гуфтааст, мутаассифона, фаъолияти маҷмааи мазкур ва дигар муассисаҳои тандурустии пойтахт ба таври зарурӣ ва тибқи талабот ба роҳ монда нашудааст: “Ҳоло ҳам як қатор мушкилоту норасоиҳо, аз ҷумла масъалаи дар сатҳи зарурӣ татбиқ нагардидани хизматрасонии тиббии пулакӣ, вазъи санитариву эпидемиологӣ, паст будани савияи донишу малакаи мутахассисони соҳа, риоя нагардидани одоби муоширати табибону ҳамшираҳои шафқат, мувофиқат накардани нархномаҳои ташхису табобат бо муқаррароти ҷорӣ мавҷуданд, ки ислоҳи саривақтӣ мехоҳанд”.
Маданияти шаҳрнишинӣ риоя намешавад
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон гарчанде доир ба эҳёи анъанаҳои миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи фарҳангии сокинони шаҳр то имрӯз корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд, вале ҳоло низ дар ин самт камбудиҳо ба назар мерасанд: “Фарҳанги шаҳрдории мо беҳбудиро талаб карда, маданияти шаҳрнишинӣ дар бисёре аз маҳаллаҳои шаҳр, хонаҳои баландошёна риоя намешавад ва муомилаву муоширати сокинони шаҳр на ҳамеша мутобиқи суннатҳои мардуми куҳанбунёду бостонии мост. Марказҳои фарҳангу фароғат талаботи аҳолии шаҳрро пурра қонеъ карда наметавонанд, ба чорабиниҳои фарҳангӣ тамошобин кам ҷалб мешавад ва таъсири ҷомеаи шаҳрвандӣ дар рушди фарҳанги шаҳрдорӣ эҳсос намегардад”.
Соли оянда Масҷиди бузург ба истифода дода мешавад
Тибқи иттилои Президент ҳоло дар ҳудуди шаҳри Душанбе 73 масҷид, аз ҷумла 4 масҷиди марказии ҷомеъ, 16 масҷиди ҷомеъ ва 53 масҷиди панҷвақта, як ҷамоатхона, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам ва 30 ташкилоти динии ғайриисломӣ фаъолият дорад: “Илова бар ин, дар шаҳр соли оянда Масҷиди бузург ба истифода дода мешавад, ки маблағи сохтмони он қариб 700 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар шаҳри Душанбе бо мақсади амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” як шӯъба, 4 бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, 5 комиссияи доимӣ ва 1086 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд”.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар фаъолияти шӯъбаву комиссияҳои доимии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он камбудиҳои зиёд ба назар расида, то ба имрӯз аксари комиссияҳои ҷамъиятии ташкилоту муассисаҳо дуруст фаъолият намекунанд ва робитаи шӯъбаву бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бо раисони маҳаллаҳо тибқи талабот ба роҳ монда нашудааст: “Чунин ҳолат сабаби риоя нашудани муқаррароти қонунгузории танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ҳудуди шаҳр гардида, мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ соли 2016 қариб 13 ҳазор ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст. Ғайр аз ин, мақомоти судӣ 127 парвандаи ҷиноятиро баррасӣ намуда, нисбат ба вайронкунандагони талаботи қонун қарорҳои дахлдор баровардаанд. Инчунин, бисёр ҳолатҳои аз меъёри муқарраршуда зиёд ҷалб намудани воситаҳои нақлиёт ҳангоми тӯйҳои арӯсӣ ва бо суръати баланд ҳаракат кардани онҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳаракати муназзами дигар воситаҳои нақлиётро халалдор сохта, боиси ташвиши сокинони пойтахт гардидаанд”.
Дастур ба Дастгоҳи президент барои кор бо масъулини маҳаллаҳо
Раисиҷумҳур изҳор доштааст, ки дар шаҳри Душанбе, инчунин, ташаббускорӣ аз ҷониби кумитаҳои маҳалла кам ба чашм мерасад: “Ҳол он ки танзиму назорати зиндагӣ дар биноҳои баландошёна ва маҳаллаҳои алоҳида ба дӯши онҳо вогузор шудааст. Онҳо вазифадоранд, ки ҷиҳати боло бурдани фарҳанги шаҳрдорӣ ва риояи талаботи сокини пойтахт бо аҳолӣ ҳамкорӣ намоянд ва камбудиҳои ҷойдоштаро бо мақомоти маҳаллӣ бартараф созанд”.
Раисиҷумҳур гуфт, бо мақсади дастгирии ин бахши муҳими идоракунии ҷомеа соли гузашта ҷиҳати таъсиси комиссияҳои босалоҳият барои ҳар як кӯчаву маҳалла аз ҳисоби аъзои Ҳукумат, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, вакилони Маҷлиси Олӣ ва вакилони шаҳриву ноҳиявӣ супориш дода будам: “Аммо фаъолияти ин комиссияҳо назаррас набуда, онҳо ба ном вуҷуд доранд. Аз ин рӯ, ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш дода мешавад, ки ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти самараноки комиссияҳои зикршуда чораҷӯӣ карда, аз натиҷааш ҳар се моҳ ба Роҳбари давлат гузориш пешниҳод намояд. Ҳамаи мо вазифадорем, ки пойтахти кишварамонро ҳамчун маркази сиёсиву маъмурӣ ва илму фарҳанг ободу зебо гардонем, ба мардум фарҳанги шаҳрдориро тарғиб кунем, камбудиҳои ҷойдоштаро сари вақт ислоҳ намоем ва қалби Тоҷикистон - Душанбеи азизро маҳбуби ҳар як соҳибватан ва соҳибдавлат гардонем”.
39% зиёд шудани аҳолӣ дар 25 сол
Дар бораи шумораи расмии аҳолии Душанбе Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ додааст, ки моҳи январи соли 2017 ба 810 ҳазор нафар расид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 226 ҳазор нафар ё қариб 39 фоиз зиёд мебошад.Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди он ки дар шаҳр толору майдонҳо ва қасрҳои варзишӣ хеле зиёд шудаанд, вале бо сабаби гарон будани маблағи иҷора дар баъзеи онҳо ягон чорабинӣ баргузор намегардад: “Умуман, барои машқу тамрин ва солимгардонии наврасону ҷавонон ҳоло дар шаҳри Душанбе 654 иншооти варзишии сатҳи гуногун хизмат мерасонад ва шумораи онҳо сол то сол афзуда истодааст.Бо вуҷуди ин қадар дастгириҳо, ҳоло ҳам ҷалби аҳолии шаҳр ба чорабиниҳои варзишӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст ва толору майдонҳои варзишӣ самаранок истифода бурда намешаванд”.
Ҷинояткорӣ дар Душанбе
Президент гуфт, ҷинояткорӣ дар ҳудуди шаҳр нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳо бамаротиб зиёд боқӣ мемонад ва чунин вазъ боиси ташвишу нигаронӣ мебошад: “Соли 2016 дар ҳудуди шаҳри Душанбе қариб 4800 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо солҳои 2007 – 2010 қариб 30 фоиз зиёд мебошад. Дар панҷ соли охир (солҳои 2011 – 2016) низ содиршавии ҷиноятҳои вазнин 30 фоиз зиёд шудааст. Омори ҷиноятҳои одамкушӣ, роҳзанӣ, қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ нигаронкунанда боқӣ мемонад”.
Муноқишаи миёни мактабҳо ва анъанаи интихоби “саркарда”
Ба гуфтаи раисиҷумҳур дар 10 соли охир дар шаҳри Душанбе қариб 3 ҳазор ҷинояти авбошӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз чор се ҳиссаи онро ҷавонону ноболиғон содир намудаанд: “Ҳодисаҳои муноқиша дар мактабҳо, байни мактабҳо ва маҳаллаҳо низ далели зиёд гаштани ин намуди ҷинояткорӣ дар шаҳри Душанбе мебошад.Муноқишаҳо байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва наврасону ҷавонон дар бисёр мавридҳо бо задухӯрдҳои гурӯҳӣ, дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳатто ҳалокати одамон анҷом меёбанд. Ҳодисаи дар оғози соли нави 2017 рӯйдода нишон дод, ки то ба ҳол тадбирҳои дар ин самт андешидашуда қонеъкунанда нестанд”.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, анъанаи дигаре ки дар мактабҳои шаҳр мушоҳида мегардад, ба ном “саркарда”-ҳое мебошанд, ки ба ҷойи хондан бо авбошӣ, зӯроварӣ ва шиканҷа додани хонандагони мактабҳои дигар машғуланд: “Вазорати маориф ва илм, раёсати маорифи шаҳр ва шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳо, инчунин, раёсату бахшҳои кор бо ноболиғони мақомоти корҳои дохилӣ ва комиссияҳои кор бо ноболиғон дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияҳои он ба ин камбудиҳо эътибор надода, назорати мактабҳоро фаромӯш кардаанд ва ташаббускор нестанд”.
Фасодкориҳо дар Душанбе
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидории давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он аз ҷониби Агентӣ дар зарфи даҳ сол 800 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии 159 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шудааст: “Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, истифодаи ғайриқонунии маблағҳо асосан дар самти иҷрои корҳои сохтмон ошкор гардидаанд. Мисоли равшан тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии Раёсати сохтмони асосии шаҳр мебошад. Дар давраи тафтиш аз тарафи 17 пудратчӣ дар 18 иншоот ба маблағи 677 миллион сомонӣ корҳои сохтмон анҷом дода шуда, санҷиш зарари молиявиро ба маблағи 55 миллион сомонӣ ошкор намуд. Дар рафти тафтишу санҷишҳои молиявӣ ҳамагӣ 80,6 миллион сомонӣ ба давлат барқарор карда шудааст, ки 50,7 фоизи зарари ошкоргардидаро ташкил медиҳад. Тафтиши ташаккул ва иҷрои буҷети шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он нишон дод, ки дар ин самт камбудиву норасоиҳои ҷиддӣ, аз ҷумла хароҷоти ғайриқонунӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пуливу молӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон ва рӯйпӯшкунии андозу пардохтҳои ҳатмӣ ҷой доранд”.
Зарари молиявӣ дар маҷмааи “Истиқлол” ва “Душанбе Плаза”
Эмомалӣ Раҳмон илова кард, ки санҷиш дар иншооти Маркази тандурустии “Истиқлол” зарари молиявиро аз ҳисоби изофанависии ҳаҷми корҳои сохтмон ва тасарруфи маблағҳои буҷетӣ дар ҳаҷми махсусан калон - 52,6 миллион сомонӣ ошкор намуд: “Маблағи зарари молиявии ҳангоми бунёди аввалин бинои баландошёнаи пойтахт “Душанбе Плаза” расонидашуда 40 миллион сомониро ташкил додааст. Аз ҷониби Агентӣ дар шаҳри Душанбе қариб дуюним ҳазор ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои бо андоз алоқаманд ошкор карда шудааст, ки маблағи умумии зарари аз ин ҷиноятҳо ошкоргардида 434 миллион сомониро ташкил менамояд”.
Ифротгароӣ дар Душанбе ва маҳаллаҳои осебпазир
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2012-2017-ум 148 нафар сокинони шаҳри Душанбе ба сафи ташкилотҳои ифротӣ шомил гардидаанд, ки 11 нафари онҳоро донишҷуён ташкил медиҳанд: “Аз шумораи умумии шахсони зикршуда 16 нафари онҳо соли 2016 ба сафи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ пайвастаанд. Баъзе маҳалла ва шаҳракҳои шаҳри Душанбе вобаста ба масъалаи мазкур осебпазир маҳсуб меёбанд. То ҳол 110 нафар сокинони шаҳри Душанбе дар хориҷи мамлакат ғайриқонунӣ ба таҳсили динӣ машғуланд. Барои баргардонидани онҳо фаъолияти роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллаву шаҳракҳо, инчунин, падару модарон бояд пурзӯр карда шавад”.
31 супориши Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти тоҷик
Эмомалӣ Раҳмон бо зикри мушкилот ба мақомоти тоҷик 31 супориш додааст:
1. Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва роҳбарияти шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади беҳтар намудани шароити иқтисодиву иҷтимоии аҳолии пойтахт, ташкили фаъолияти босамари сохторҳои давлативу бахши хусусӣ, бунёди иншооти мухталиф, беҳтар намудани фаъолияти сармоягузорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии пойтахтро барои давраи то соли 2025 таҳия ва пешниҳод намоянд.
2. Дар сатҳи Конститутсияи кишвар ба шаҳри Душанбе мақо¬ми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, вазъи ҳуқуқии он бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷи¬кис¬тон» муайян гардидааст.
Бояд гуфт, ки қонуни зикршуда ҳанӯз 21 сол қабл, яъне соли 1996 қабул гардида, то ба имрӯз мавриди такмили ҷиддӣ қарор дода нашудааст ва муқаррароти он ба талаботи шаҳрдо¬рии имрӯза ҷавобгӯ набуда, ба мукаммалгардонӣ ниёз дорад.
Дар қонун бояд хусусиятҳои хоси идоракунии пойтахти мамлакат бо дарназардошти мувофиқати манфиат¬ҳои сокинони пойтахт бо манфиатҳои умумидавлатӣ, асосҳои ҳуқуқии таъмини фаъолияти ташкилӣ, моддиву техникӣ, мо¬лиявӣ ва дигар масъалаҳои пойтахт ба инобат гирифта шаванд.
Бинобар ин, бо дарназардошти шароити муосири рушди пойтахти кишвар ва зарурати танзими дахлдори вазъи ҳуқуқии он Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе дар муддати се моҳ лоиҳаи қонун «Дар бораи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷи¬кис¬тон»-ро таҳия ва пешниҳод намоянд.
3. Бо мақсади беҳтар кардани идоракунии маҳаллӣ, вазъи манзилҳои истиқоматӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллаҳои аҳолинишин ва ҳалли саривақтии мушкилоти аҳо¬лии кишвар, хусусан, сокинони пойтахти мамлакат қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил» ва «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» қабул гардидаанд.
Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки муқаррароти онҳо то ҳол мавриди татбиқи дуруст қарор нагирифтаанд.
Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин, дигар шаҳру ноҳияҳои кишварро зарур аст, ки доир ба татбиқи қонунҳои зикршуда чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Бо дарназардошти мақоми махсуси пойтахти мамлакат вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо зарур аст, ки ҷиҳати сари вақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ҳарчи зудтар чораҷӯӣ карда, рушди мунтазаму устувори тамоми соҳаҳо, аз ҷумла даромади буҷет, такмили низоми андозбандӣ, шаффофият ва баланд бардоштани самаранокии хароҷот, инчунин, нигоҳдории вазъи мутавозини буҷетро таъмин намоянд.
Ҳамчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳангоми гузаронидани озмунҳо талаботу муқарраротро риоя карда, махсусан, раванди иҷрои корҳои сохтмон ва риояи санъати баланди меъмориро таҳти назорат қарор диҳад, сифати сохтмон ва истифодаи дурусти маблағҳои буҷетиро ба таври ҷиддӣ беҳтар гардонад.
Ҳамзамон бо ин, ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия супориш дода мешавад, ки санҷиши хароҷоти маблағҳои аз буҷети мамлакат ҷудошуда, инчунин, маблағҳои аз ҳисоби шаҳри Душанбе барои сохтмони иншоот ҷудошударо таъмин карда, аз натиҷаи он то 1 - уми июли соли 2017 ба Ҳукумати мамлакат маълумот пешниҳод намояд.
5. Дар ҷараёни идома бахшидан ба корҳои созандагиву ободкорӣ ва баргузории чорабиниҳои дарпешистода аъзои Ҳукумати мамлакат ва роҳбарони мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки ҷиҳати тақвияти раванди рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар марҳалаи нав ва татбиқи нақшаву барномаҳои амалкунанда ҳамкориро бо сохторҳои пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе тақвият дода, барои боз ҳам замонавӣ гардонидани симои шаҳр ва маданияти шаҳрдорӣ чораҳои судманд андешанд.
6. Ҷиҳати ба танзим даровардани масъалаи идоракунии хонаҳои баландошёна тавассути кумитаи маҳаллаҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супориш дода мешавад, ки фаъолияти кумитаҳои маҳалларо дар ноҳияҳои пойтахт дар доираи санадҳои танзимкунанда ба роҳ монад.
7. Вазорати молия, Бонки миллии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”, бонкҳои тиҷоратӣ ва Хадамоти алоқаро зарур аст, ки дар сохторҳои худ дар қаламрави мамлакат ва пеш аз ҳама дар шаҳри Душанбе шумораи ҳарчи бештари духтарону бонувонро бо ҷойи кор таъмин намоянд.
8. Роҳбарияти шаҳри Душанберо зарур аст, ки бо мақсади беҳтар ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ҳамкории муфиди тарафайнро қавитар гардонида, барои ҷалби сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ ба хотири рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ чораҳои зарурӣ андешад.
9. Маркази татбиқи лоиҳаи “Обтаъминкунии шаҳри Душанбе” якҷо бо Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар самтҳои ҳалли пурраи бо оби тоза таъмин намудани аҳолии шаҳр, барқарорсозии иншооту дастгоҳҳои санитариву обтозакунӣ ва ислоҳоти низоми молиявию хоҷагидории корхона чораҳои судмандро амалӣ намояд ва ба фаъолияти корхонаи «Обу корези шаҳри Душанбе» диққати ҷиддӣ дода, дар он ҳарчи зудтар тартиботу низом ҷорӣ карда шавад.
10. Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмон зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳои дахлдор бунёди иншооти навро дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе бо дарназардошти риояи талаботи санъати меъмории шаҳрсозӣ ба роҳ монда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои зикргардида ва ҷалби ҳарчи бештари сармоягузорони ватаниву хориҷӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд.
11. Кумитаи меъморӣ ва сохтмонро зарур аст, ки дар ҳудуди шаҳр дар тамоми иншооти бунёдшаванда сифати корҳои сохтмонро ҳаматарафа омӯхта барояд.
Роҳбарияти шаҳри Душанбе якҷо бо институтҳои лоиҳакашӣ ва Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмон бо дарназардошти хусусиятҳои шаҳр, санъати баланди меъморӣ ва ташкили инфрасохтори иҷтимоӣ, ташкили шаҳракҳои алоҳида дар ҳудуди шаҳр ва дигар меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ нақшаи генералии шаҳрро таҳлил карда, доир ба иҷрои корҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
Ҳамчунин, масъулини шаҳрдорӣ якҷо бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҳангоми сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бунёди инфрасохтори зарурӣ, ба монанди майдончаи бозии кӯдакон, боғчаи бачагона, мактаб, дармонгоҳ, таваққуфгоҳ ва шабакаи обу корезро ба нақша гиранд.
12. Ба ҳалли масъалаҳои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва самаранок истифода бурдани он, пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда, дар асоси ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ беҳтар намудани хизматрасонии нақлиётӣ ва коммуналиву манзилӣ таваҷҷуҳи махсус дода шавад.
13. Вобаста ба баланд бардоштани маданияти шаҳрнишинии сокинони пойтахт, нигоҳдории муҳити зист ва таъмини зебоиву тозагии хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.
Инчунин, Вазорати нақлиёт, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати кабудизоркунии роҳҳои мошингард ва тозаву озода нигоҳ доштани ҳудуди онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд.
14. Роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки таъмиру тармим ва ҳолати хуби истифодабариву зебоии иншооту биноҳои иловагии маъмурии таҳти идоракунии худро, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҷойгиранд, дар муҳлати як сол таъмин созанд ва барои кабудизоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани гирду атроф ва дигар корҳои ободонӣ дар пойтахт саҳми арзишманду ватандӯстона гузоранд.
15. Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор пайвастшавии пурраи иншооти маъмурӣ, таълимӣ, хобгоҳҳо, муассисаҳои иҷтимоӣ ва биноҳои баландошёнаи истиқоматии шаҳрро ба шабакаи гармидиҳӣ то 1-уми октябри соли ҷорӣ таъмин кунанд.
16. Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ширкати “Барқи Тоҷик” ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ доир ба таҷдиди низоми таъминоти барқи шаҳри Душанбе лоиҳаи сармоягузориро таҳия карда, азнавсозии хатҳои муҳандисӣ, аз ҷумла обу корез, гармидиҳӣ, хатҳои барқ ва сохтмони зеристгоҳҳои барқиро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Инчунин, сохтмони зеристгоҳи нави 220 - киловолтаи Муассисаи барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, таъмиру азнавсозии бунгоҳ, пойгоҳҳои гармирасонӣ ва каналҳое, ки дар тавозуни сохторҳои ҷумҳуриявӣ қарор доранд, ҳарчи зудтар амалӣ карда шавад.
17. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе масъалаи дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сатҳу сифати байналмилалӣ анҷом додани корҳои таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилишаҳриро зери назорати қатъӣ қарор дода, корҳои роҳсозиро дар ду баст ба роҳ монад.
18. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо зарур аст, ки бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ, дарёфти роҳҳои танзим ва ба тартиб даровардани фаъолияти нақлиёти мусофиркашонӣ ва бартараф намудани тамбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намояд.
Барои ҳалли масъалаи ба танзим даровардани фаъолияти мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе зарур аст, ки дар заминаи ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва муносибатҳои бозорӣ нақши хизматрасонии хусусиро тақвият бахшида, риояи талаботи меъёриро нисбат ба сифати хизматрасонӣ таъмин созад.
19. Ҷиҳати ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори соҳаи иҷтимоии пойтахт ба ободонии ду канори роҳҳои дохилии шаҳраку маҳаллаҳо, сохтмони пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар ҷойҳои серодам, ободу зебо гардонидани майдончаҳои варзишии кӯдакона ва ҷойҳои истироҳатӣ барои калонсолон суръат бахшида шавад.
20. Ба Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати мусоидат ба густариши тарзи ҳаёти солим ва мақсаднок ба роҳ мондани фаъолияти муассисаву марказҳои варзишӣ, инчунин, танзими нархи хизматрасонӣ барои наврасону ҷавонон чораҷӯӣ намояд.
21. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати харидорӣ намудани техникаву таҷҳизоти ҳозиразамон барои сохторҳои коммуналии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва ҷудо кардани воҳидҳои кории иловагии муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он оид ба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ тадбирҳои иловагӣ андешад.
22. Дар даромадгоҳҳои шаҳри Душанбе дар заминаи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ таваққуфгоҳҳои кушодаи автомобилӣ барои мусофиркашонӣ ба самтҳои гуногуни шаҳру ноҳияҳои мамлакат сохта, ба истифода дода шаванд.
23. Бонки миллӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахтро зарур аст, ки тадбирҳоро дар самти беҳбуди фазои сармоягузорӣ, дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла оид ба дастрасӣ ба қарзҳои имтиёзнок роҳандозӣ намоянд.
24. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт вазифадоранд, ки фаъолияти бозорҳои мансуб ба моликияти давлатӣ, бозорҳои хусусӣ, марказҳои савдои замонавиро дар самти таъмини аҳолии шаҳр бо маҳсулоти хушсифати истеъмолӣ, молҳои саноативу сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ, инчунин тартибу низом, нарху наво, риояи шакли ягонаи либос, одоби муоширати фурӯшандаҳо, қоидаҳои санитариву гигиенӣ ва зиддисӯхториро ба тартибу танзим дароранд ва масъалаҳои зикршударо қатъӣ назорат намоянд.
25. Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки ҳолати хизматрасонӣ дар ошхона ва нуқтаҳои хӯроки умумии омодакунандаи таомҳои миллиро ба тартиб дароварда, ба масъалаи риояи меъёрҳои тозагиву санитарӣ, сифати маҳсулоти хӯрока ва санъати баланди хӯрокпазӣ ва хизматрасонӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.
26. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва мақомоти дахлдори дигарро зарур аст, ки дар нақшаи генералии шаҳр барои ташкили марказҳои савдои ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ тағйироти зарурӣ ворид намуда, барои ба танзим даровардани бозорҳои навбунёд ва риояи меъёрҳои зарурӣ ҳангоми ташкили онҳо чораҷӯӣ намоянд.
27. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, вазорату идораҳо ва ҳамаи корхонаву муассисаҳоро зарур аст, ки ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои аввалиндараҷа оид ба тоза намудан ва ба партовгоҳи умумишаҳрӣ баровардани партовҳои истеъмолию истеҳсолӣ, безараргардонӣ, дуруст ба роҳ мондани низоми ҷамъоварӣ ва гурӯҳбандии он тадбирҳои иловагӣ андешанд.
28. Вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати ташкили бозомӯзии ҷавонону калонсолон, таъмири биноҳои таълимӣ ва бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани синфхонаҳои фаннӣ чораҳои мушаххас андешанд.
29. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Вазорати фарҳанг, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва Кумитаи телевизион ва радио ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии сокинони шаҳр, дар самти баргузории чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, ҷаҳонбиниву худшиносӣ ва риояи анъанаҳои миллӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва тарбиявиро ҷоннок намоянд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо зарур аст, ки дар асоси талаботи моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Низомномаи нави комиссияҳои доимиро таҳия ва тасдиқ карда, назоратро дар ин самт пурзӯр намояд.
Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор барои бартараф кардани камбудиҳо дар ин самт бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамкории зичро ба роҳ монанд.
30. Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани интизоми молиявӣ ба Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супориш дода мешавад, ки назоратро дap муассисаву корхонаҳо ва ташкилотҳои ҳудуди пойтахт ҷиҳати дар сатҳи меъёрҳои муосир ба роҳ мондани фаъолияти ҳисобдории молиявӣ, шаффофияти баргузории озмунҳо барои сохтмони иншоот ва даромаду хароҷоти буҷет, пешгирии тасарруфи маблағҳои буҷетӣ ва ғайримақсаднок истифода намудани онҳо, махсусан, дар иншооти калони сохташаванда боз ҳам пурзӯр намоянд.
31. Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус ҳолатҳои хусусияти коррупсионидошта, ҷиноятҳои бо экстремизм ва терроризм алоқаманд, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҳолатҳоро дар шаҳри Душанбе тақвият бахшида, аз натиҷаи корҳо ба Ҳукумати мамлакат мунтазам маълумот пешниҳод намоянд.
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар сокини кишвар муроҷиат карда, изҳор доштааст, ки ҳар рӯзро барои тозаву озода кардани манзилу кошонаи худ, кӯчаву маҳаллаҳои зист, ободу зебо ва озода гардонидани кишвари маҳбубамон ва шаҳри азизамон, боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии мардум ва тарбияи фарзандонамон самаранок истифода барем.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |