Ҳалокати ҷавони тоҷик дар пайи сангрезӣ
Дар пайи сангрезӣ дар роҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш як ҷавони 27-сола, сокини ноҳияи Ҳисор ҷон додааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ ҳодиса баъди зуҳри 13-уми феврали соли 2017 дар мавзеи Кабудҷари ноҳияи Нуробод рух додаст: “Ҳангоме ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Шакман», сокини 43-солаи ноҳияи Ёвон дар километри 89-уми шоҳроҳи «Ваҳдат-Рашт-Лахш» ҳаракат доштааст, сангпораҳо аз куҳ болои автомашинаи мазкур ғалтидаанд. Дар натиҷа мусофири 27-солаи мошини мазкур маҷруҳ шуда, дар роҳ ба беморхона ҷон додаст”.
Қаблан мақомоти тоҷик иттилоъ дода буданд, ки бар асари офатҳои табиии соли равон дар кишвар 13 нафар ба ҳалокат расиданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |