Текебаев гуфт, хазинаи президентро дар офшор кашф кардааст
Омурбек Текебоев, раҳбари ҷиноҳи порлумонии "Ота Макон" хабар дод, ки дар бораи моликияти президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар минтақаи офшори ҷазираи Қибрис ё Кипр маълумот ба даст овардааст. Вай дар ин бора дар ҳамоиши "Сиёсат -- бе таконҳои иҷтимоӣ. Интихобот – бе тақаллуб" дар Бишкек сӯҳбат кард. Ин сиёсатмадори мухолиф ваъда кард, ки дар рӯзҳои наздик маълумоти бештареро дар ин бора дар ихтиёри ҷомеа хоҳад гузошт.
Раҳбари "Ота Макон" пештар изҳор дошта буд, ки мехоҳад, аз президент ошкор кардани манбаъҳои даромад ва сарвати бузургаш дархост кунад.
Дертар вай хабар дод, ки Отамбоев аз соли 2010 то 2015, дар панҷ сол 6 миллиону 18 ҳазор сом даромад карда, хароҷоти ӯ 34 миллион сомро ташкил додааст. Ба гуфтаи Текебоев, ин арқом дар асоси маълумоти Хадамоти кадрҳои давлатӣ шумурда шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |