Бахшҳо
13 фев 2017 17:34Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Дастгирии соҳибкорон: Гӯркан, аробакаш, чою рӯзномафурӯш... аз андоз озод шуданд

Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон дар доираи дастури раисиҷумҳур барои дастгирии соҳибкорон як қатор намудҳои фаъолиятро аз пардохти андоз озод кардааст.

Бар асоси дастури Кумита, ки зери имзои раиси ин ниҳод Нусратулло Давлатзода нашр шудааст, фаъолияти соҳибкорие, ки ба намудҳои камдаромад мансуб мебошанд, аз андозбандӣ озод гардида, барои он патент талаб карда намешавад.

Кумитаи андоз дар феҳрасти фаъолиятҳои озод аз андозбандӣ фурӯши гиёҳои худруйи шифобахш, дуғоб, чой, фурӯши донаи офтобпараст дар кӯча, фурӯши рӯзномаву маҷалла, тақвимҳо ва китобҳо дар кӯча, фурӯши молҳои қаблан дар истеъмолбуда, чаронидани чорво, таъмир ва тоза намудани пойафзол берун аз бинои статсионарӣ, телефони кӯчагӣ, нигоҳубинии пиронсолон, беморон ва кӯдакон, кашонидани бор тариқи ароба дар кӯча ва бозорҳо, шустушӯи воситаи нақлиёт дар кӯча (ба ғайр аз ҷойҳои махсусгардонидашуда), қабрканҳо, (гурканҳо), дар деҳотҷойҳо амалӣ намудани фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои бадеии халқӣ ва маҳсулоти бофташуда, дар деҳотҷойҳо ба роҳ мондани омӯзиши ҳунарҳои миллӣ, аз қабили дузандагӣ, бофандагӣ, дурредгарӣ, кандакорӣ, расомӣ, рангуборкунӣ ва наққоширо ворид кардааст.

Кумита андоз афзуд, номгӯи фаъолиятҳое, ки дар асоси патент анҷом дода мешаванд, такмил дода шуда, маблағи патент барои онҳо нисбатан камтар муқаррар карда шуд: “Аз ҷумла расонидани ёрии муҳосибӣ ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ тариқи патент пешбинӣ карда шуд”.

Сардорони мақомоти андоз вазифадор шудаанд, ки тамоми кормандонро бо мактуби дастурии мазкур шинос намоянд: “Бо соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда, моҳияти дастурро ба онҳо расонанд ва нусхаҳои онро дар лавҳаҳои бозорҳо ва марказҳои савдою хизматрасонӣ ҷойгир намоянд”.
Мӯҳр
Рахмат бар он касе, ки ин карорро баровардааст ва хелехам кори савоб кардааст.

Шахбоз
Мешидаст ку. хаму андозои бокмондаро паст кунед то сохибкорони ватани зиёд шаванд. Бучча пур мешавад.

Дар бозори "Саховат" ҷавони ҳузарберо дидам, ки муйсафеди аробокашеро барои додани "чеки бозор" маҷбур мекард. Аз Раиси муҳтарами шаҳр эҳтиромона хоҳиш мекардам, ки аробакашҳоро аз додани "чеки бозор" озод мекард.

Магар, куркани хам сохибкори аст? Ачабо...

Sh
Инчунин барои фаъолият оид ба фуруши молхои омехтаи мардум дар бинохои статсионариву гайристатсионари аз 40 то 100 сомони камтар шуд. Индексатсия низ то соли муайян маън карда шуд яъне маблаги андоз дар соли 2017 ва2018 зиёд намешавад! Рахмат ба Пешвои милат ки дар рузи сохибкорон 14.10.2014 чунин дастур дода буд.

Аробакаш
Бе хамин карор хам онхо андоз намесупориданд. Ба хамун милиса 4-5 сомонй медоданду чон халос. Лекин ун милисаи учасковой хакаша гирифтан мегирад. Яъне вазнинтар шуд, барои майдачуйдасохибкорон...

Хакикати талх
Толибон ва ДИИШ ду яроки зинда ки давлатхои абаркудрат ба монанди Россия, Амрико, Хитой онхоро барои пиёда намудани акидахо ва накшахои сиёси ва иктисода худ истифода мекунанд. Агар ин давлатхо мехостанд онхоро нест кунанд, кайхо боз онхоро нест мекарданд. Вале чун Толибон ва Дииш барояшон дар амали намудани манфиатхояшон онхоро хеч гох аз байн нахоханд бурд. Чунин чунбишхоро хар давр хар хел истифода кард. Масъалан Русия имруз Толибонро барои решакан кардани нуфузи Амрико дар Осиёи Маркази истифода мекунад ва барои хамин онхоро дастгири мекунад. Русия имруз зидди Дииш Мубориза мебарад мумкин баъди чанд сол сиёсати чахони дигар шавад аъзоёни шояд номашонро дигар намуда бар зидди дигар давлати абак кудрат барои амали намудани сиёсати он вакт доштааш истифода кунад. Ба ин хотир Ин давлатхои абар кудрат хеч гох тамоман нест кардани ин гурухо кушиш намекунанд. Баръакси хол метавонанд ягон гурухеро худашон ташкил кунанд. Ин аст хакикати талх.

voli
ё тавба, ин нав фахмидам ки аз гуркан хам то ин вакт андоз мегирифтаанд, аз мурда чи, аз мурда, барои ишголи 2х2 замин?

ЗАФАР КУРБОНОВ-ЮРИСТ
ДАР РУСИЯ ЯК НАМУДИ ИСТЕХСОЛОТ ВА ТИЧОРАТ АСТ КИ БО НОМИ ДОМАШНЫЙ БИЗНЕС И ПРОИЗВОДСТВА НОМ ДОРАД, ИН ИСТЕХСОЛОТИ МОЛХОИ АВВАЛИЯИ РУЗМАРАИ МАРДУМРО ТАЪМИН МЕСОЗАД. АГАР ТОЧИКИСТОН НИЗ ДАР РАВАНДИ ИН НОМГУИ ЗИКРШУДА "фурӯши гиёҳои худруйи шифобахш, дуғоб, чой, фурӯши донаи офтобпараст дар кӯча, фурӯши рӯзномаву маҷалла, тақвимҳо ва китобҳо дар кӯча, фурӯши молҳои қаблан дар истеъмолбуда, чаронидани чорво, таъмир ва тоза намудани пойафзол берун аз бинои статсионарӣ, телефони кӯчагӣ, нигоҳубинии пиронсолон, беморон ва кӯдакон, кашонидани бор тариқи ароба дар кӯча ва бозорҳо, шустушӯи воситаи нақлиёт дар кӯча (ба ғайр аз ҷойҳои махсусгардонидашуда), қабрканҳо, (гурканҳо), дар деҳотҷойҳо амалӣ намудани фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои бадеии халқӣ ва маҳсулоти бофташуда, дар деҳотҷойҳо ба роҳ мондани омӯзиши ҳунарҳои миллӣ, аз қабили дузандагӣ, бофандагӣ, дурредгарӣ, кандакорӣ, расомӣ, рангуборкунӣ ва наққоши" БОЗ ТИЧОРАТИ ХОНАГИРО АЗ АНДОЗ МЕКАРД БОВАР КУНЕД КОМАТИ МАРДУМ ХЕЛЕ БОЛОТАР МЕШУД. ЗЕРО МАХСУЛОТИ ИСТЕХСОЛКАРДААШРО ОЗОД БЕ МОНЕ ВА БЕ ХАРОС БА ФУРУШ МЕБАРОВАРД. ХАМ НАРХ ПОИН МЕРАФТ ВА ХАМ ЭХТИЕЧОТИ МАРДУМ БАРОВАРДА МЕШУД.

Наход аз хамиинхо андоз ситонида мешуд ба мисли семичкафуруш, алаф фуруш, чой фуруш????? Максади шумо чист? Бо ин рох мехохед фаъолияти чунин намуди сохибкориро зиед намоед? Е аз онхо ба буча даромади хуб меравад? Дигар сохибкоронро дастгири кунед, ки бо маблагхои калон бо "таваккал" (риск) кор мекунанд....

РОСТИН, ш. Душанбе.
Ба хар хол як икдоми нек пиёда шудааст. Аммо дар ин шумор мебояд, фуруши китобро низ ворид мекарданд. Дар замони шурави магозахои фурурши китоб пурра аз андоз озод буданд. Холо мо аз он давра хам ба китоб ниёзи бештар дорем. Хеле хуб мешуд, ки раиси мухтарами андоз ин чихати масъаларо ба назар мегирифт ва китобро аз андоз озод мекард. Аккалан, китобхои бадеиро. Мардум ба китоб кам таваччух зохир мекунанд. Шояд сафи китобхонхо ва китобфурушхо бештар шавад. Хар кадар, ки китобхону китобфуруш зиёд гардад, хамон кадар ба фоидаи миллат аст. Зеро аз хондани китоб кас сохиби дониш мешавад. Бигузор сафи китобхонхо ба миллионхо бирасад! Бигузор сафи мошин ва мошишуйхо кам шавад. аз ин хеч боке нест!!!

Агар омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумиро низ зимни гузаронидани машғулиятҳои иловагии пулакӣ аз андоз озод мекарданд нуран аъло нур мешуд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)