Савол ба мири Архангелск: Тоҷикон кай меоянд?
Дар нишасти хабарии шаҳрдори Архангелс дар бораи муҳоҷирони тоҷик ҳам суҳбат шудааст.
Расонаҳои маҳаллии ин шаҳр менависанд, Иля Азовский, сардабири “Эхо севера” дар нишасти хабарии шаҳрдор вақте сухан дар бораи резиши зиёди барф рафтааст, гуфтааст, Маскав ва дигар шаҳрҳои бузурги Русияро тоҷикон тамиз мекунанд. “Ин арзон ва босифат аст. Чаро дар Архангелск тоҷикон нестанд. Кай онҳо пайдо мешаванд?”,-пурсидааст ӯ.
Игор Годзиш, шаҳрдори Архангелск посух дода, ки ӯ барои намояндаҳои ҳеч кишваре монеа эҷод намекунад: “Агар касе барои ободии шаҳрамон меояд, марҳамат. Шаҳр барои ҷалби дилхоҳ неруи корӣ монеа эҷод намекунад”.
Ин баҳсҳо дар ҳолест, ки соли 2013 ба дунболи фишорҳо болои муҳоҷирони меҳнатӣ дар пойтахти Русия РИА Новости дар гузориши видеоие аз вазъи кӯчаҳои шаҳри Маскав нақл кард, ки тайи чанд рӯзи охир дар пайи тарки кор кардани роҳрубон кӯчаҳо тамиз нашудаанд. Дар гузориши РИА Новости сокинони чанд хиёбони Маскав мегӯянд, тайи чанд рӯзи ахир тамизкорон, ки асосан муҳоҷирони корӣ будаанд, дида намешаванд. Ба гуфтаи онҳо ин тамизкорон кори худро хуб иҷро мекарданд ва кӯчаҳо ҳамеша тамиз буд, аммо баъди рафтани онҳо вазъият тағир кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |