Чуркаҳо: Аз ҳақталошии тоҷикон то қассосгирии пулиси рус (АКС)
Гуруҳи муҳоҷирони тоҷик аз мақомоти рус хостаанд, амали маъмури пулиси шаҳри Любертси назди Маскавро, ки онҳоро “чурка” хонда, латтукӯб ва ғайриқонунӣ боздошт намудааст, бисанҷанд.
Тибқи иттилои Каримҷон Ёров, раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, “Этмос” ҳақталошии тоҷикон бо он анҷомид, ки онҳоро депорт кардаанд, то аз шоҳидони амали ғайриқонунии пулис халос шаванд.
Ба гуфтаи Ёров ва бар асоси аризаи гуруҳи 6 нафарии муҳоҷирони тоҷик, онҳо тамоми ҳуҷҷатҳоро бо худ дошта, бар замми ин ҳар моҳ нозири минтақавӣ аз онҳо маблағ меситонидааст: "18-уми январ вақте нозири минтақавии қаблӣ ба таътил меравад, ба ҷои ӯ дигар нозир омада, аз муҳоҷирон маблағ талаб кардааст. Вале яке аз муҳоҷирон, ки дорои шаҳрвандии Русия мебошад, аз нозир талаб кардааст, ки нахуст ҳуҷҷатҳои худро нишон диҳад. Аз ин нозир ба ғазаб омада, ӯро латтукӯб ва муҳоҷирони дигарро таҳқир намудааст. Нозир муҳоҷиронро “чурка” хонда, таъкид намудааст, ки ба касе чизеро нишон намедиҳад ва ҳамаро соати 8-и субҳ ба шӯъбаи пулиси “Любертси-1” мебарад”.
Раҳбари “Этмос” афзуд, вақте ҳамроҳи Валентина Чупик, ҳуқуқшиноси ройгон, соати 9-и бегоҳ ба ин шуъбаи пулис ҳозир шудаанд, муайян шудааст, ки муҳоҷирон бидуни ягон қайд давоми беш аз 12 соат бе ғизо, об ва ҳоҷатхона нигоҳ дошта шудаанд: “Вақте ҷонишини сардори шуъбаи пулис натавонист, ягон сабт ё асоси боздошти муҳоҷиронро нишон диҳад, як пулиси дигар барои зиёдаравии маъмурин узр хоста, афзуд, ки нофаҳмӣ шудааст. Он пулис гуфт, ки гӯиё ҳамсояҳо аз ғавғои муҳоҷирон шикоят карда бошанд, ки ин ҳам нодуруст буд”.
Ба гуфтаи Каримҷон Ёров ду рӯз баъди ин ҳодиса нозири минтақавӣ боз ба маҳалли зисти муҳоҷирон омада, 3 муҳоҷири ҳузурдоштаро бо худ бурда, “депорт” кардааст: “Онҳоро то бегоҳ дар шӯъба нигаҳ дошта, ба додгоҳ танҳо шиносномаҳои онҳоро пешниҳод мекунаду халос. Ҳол он ки онҳо бо худ патент, ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ барои зист, картаҳои муҳоҷирӣ ва бонкӣ доштаанд, ки нозири минтақавӣ онҳоро гирифтааст”.
Ёров афзуд, ҳақталошии тоҷикон бо он анҷомидааст, ки феълан 3 нафар аз ин муҳоҷирон ба Тоҷикистон ихроҷ шуда, ду нафари дигарашон дар боздоштгоҳи махсус нигаҳдорӣ мешаванд.
Вакилони ройгони ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон муътақиданд, ки депорти тоҷикон ғайриқонунӣ аст: “Дар ҳоле, ки муҳоҷирон ба Додгоҳи болои Маскав шикоят бурданд, пулис ва додгоҳ ҳуқуқи ихроҷи онҳоро то замони ҳукми Додгоҳи болоӣ надорад. Вақте мо ҳуҷҷатҳои тартибдодаи онҳоро дидем дар он ҷо навишта шуда буд, ки гӯиё муҳоҷирони тоҷик муҳлати зиёд аз Русия набаромаданду дар қайд набудаанду аз қарори пешинаи додгоҳ сарпечӣ кардаанд. Лекин ин нодуруст аст ва депорт кори дасти масъулини Шӯъбаи пулиси рақами 1 шаҳри Любертский мебошад”. .
Ёров мегӯяд се муҳоҷири тоҷик, ки ҳоло дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ӯ ваколатнома додаанд ва шикояташ ба мақомот пешниҳод шудааст. Инчунин яке аз тоҷикон, ки душаҳрвандӣ доштааст ба Додситони шаҳри Маскав шикоят кардааст, ки ӯро нозири минтақавӣ латту кӯб ва таҳқир намудааст: “Талош мекунем, то баромадани қарори додгоҳи болоӣ ду муҳоҷири дигари тоҷик ихроҷ нашаванд. Аслан ин корро пулиси рус ба хотире карда истодааст, ки ҳамаи муҳоҷиронро ихроҷ кунанд, то ин ки касе шоҳидӣ дода натавонад”.
Акси муроҷиатномаи муҳоҷирони тоҷик ба мақомоти рус:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |