Бахшҳо
13 фев 2017 09:04Тоҷикистон / Сиёсат

Пойгоҳҳои украинӣ дар бораи қатли Сангаку Файзалӣ

Пойгоҳҳои таҳлилии укроинӣ қатли қумандонҳои саҳроиро тайи даҳсолаҳои охир баррасӣ карда, қатли мармузи Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидовро ба шеваи кори мақомоти махсуси “КГБ”-ю "ФСБ" монанд кардаанд.

Виталий Портников, шореҳи сиёсии укроинӣ бо ишора ба қазияи мармузи куштори Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов навиштааст, ки ин гуна маҳор кардани қумандонҳои саҳроӣ аз усулҳои куҳан ва таҷрибашудаи КГБ мебошад.

Портников дар заминаи шарҳ додани сарнавишти ду қумандони саҳроии ҷудоихоҳи Укроин Гиви (Михаил Толстих) ва Моторола (Арсения Павлова) аз қатли Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов ёд карда ва гуфтааст, ки шаби 29 ба 30 марти соли 1993 дар ҳудуди совхоз-техникуми ба номи Куйбишев ду қумандони саҳроии маъруфи замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон кушта шуданд:“Ҳар ду мақтул аз ҷинояткорони собиқадор ва сарбурони воқеӣ буданд. Сафаров 23 зиндонӣ буд”.

Гиви (Михаил Толстих) ва Моторола (Арсения Павлова) аз қумандонҳои ҷудjихоҳи ҷумҳурии худхондаи мардумии Донетск ва ҳаводорони Русия буданд, ки алайҳи низомиёни Укроин меҷангиданд. Чанд рӯз пеш Гиви бар асари як ҳамла дар дафтари кораш кушта шуд. Моторола низ дар пайи чунин як ҳодиса 16 октябри соли гузашта кушта шуда буд.

Портников куштори Гиви (Михаил Толстих) ва Моторола (Арсения Павлова)-ро ба қатли мармузи Сангак Сафарову Файзалӣ Саидов дар Тоҷикистон ва Ҷеб Иоселиан ва Тенгиз Китовани дар Гурҷистон монанд дониста, онҳоро кори дасти мақомоти махсус донистааст.

Портников ҳамчунин гуфтааст, ки ин гуна чеҳраҳо то замоне истифода мешаванд, ки заруранд ва баъди тамом шудани зарурат маҳор карда мешаванд. Аз ҷумла ӯ гуфтааст, ки Александр Захарченко ва Игор Плотнитско ду раҳбари дигар ҷангҷӯйи ҳаводори Русияро низ чунин сарнавишт интизор аст. Ба иқрори Портников касоне, ки сиру асрори зиёдро медонанд мақомоти махсус намегузоранд, ки зиёд зиндагӣ кунанд.
Мӯҳр
Бафикрам ин тахлил дуруст аст.

Укроин чист? Украина!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)