Миллард: Ба муносиботи Тоҷикистону ИМА хушбинам (АКС)

Элизабет Миллард, сафири ИМА дар Тоҷикистон мегӯяд, ба ояндаи муносиботи дӯстонаи ин ду кишвар хушбин мебошад.
Ӯ 10-уми феврал дар расми таҷлил аз 25-солагии муносиботи дипломатии Тоҷикистон ва ИМА изҳор дошт, кӯмакҳои кишвараш барои амният, сарҳад омӯзиш ва дигар соҳаҳои Тоҷикистон идома хоҳанд ёфт. Хонум Миллард дар идомаи суханрониаш номаи табрикии Доналд Ҷон Трамп, раисҷумҳури Амрикоро ба ҳамтои тоҷикаш -- Эмомалӣ Раҳмон қироат кард.. Дар ин нома Трамп Раҳмонро ба 25 солагии Истиқлол ва муносибатҳои дипломатӣ шодбош гуфтааст.
Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки дар ин чорабинӣ ҳузур дошт, аз ҳамкориҳои судманд бо ИМА тавсиф кард. Ҳусейнзода дар пайи қироати паёми шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба Трамп изҳор дошт, Тоҷикистон бо ИМА дар аксари масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ ҳамназар буда, барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо талош хоҳанд кард.
Ба гуфти Музаффар Ҳусейнзода, Тоҷикистон ва Амрико дар эътилофи зидди таҳдидҳои амниятӣ паҳлӯи ҳам истода барои ҳифзи сулҳу оромӣ ва таъмини рушди устувор саҳми арзанда мегузоранд.
Амрико Тоҷикистонро 25 декабри соли 1991 дар даврони президентии Ҷорҷ Ҳерберт Волкер Буш ҳамчун давлати мустақил расман эътироф кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |