Бахшҳо

Ёди Президент аз 127 ҳалокшуда ва ҳушдор аз моҳҳои хатарнок

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, танҳо моҳи январ 244 ҳолати тармафароӣ ба қайд гирифта шуда, дар пайи офатҳои табиии ахир 13 нафар ба ҳалокат расиданд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон 10-уми феврал дар ҷаласаи Комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода гуфт, бар асари офати табиӣ дар ноҳияи Варзоб 9 нафар шаҳрвандон, 3 нафар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва як нафар дар ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расиданд: “Ҷамъбасти маълумот дар панҷ соли охир нишон медиҳад, ки дар ин давра дар миқёси мамлакат 603 ҳолати фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуда, бар асари он 127 нафар ба ҳалокат расида, ба иқтисодиёти кишвар 600 миллион доллари амрикоӣ зарар ворид гардидааст. Аз шумораи умумии одамони аз офатҳои табиӣ ҳалокгардида ба омадани сел 38 нафар, ба ҳодисаҳои ярч ва сангрезӣ 23 нафар ва ба тармафароӣ 23 нафар рост меояд. Аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ аз ҳама бештар сел ба қайд гирифта шудааст, ки 34 фоизи ҳолатҳои фавқулодаро ташкил медиҳад”.

Ба гуфтаи раисиҷумҳур аз рӯи хисороти иқтисодӣ низ мавқеи аввалро ҳолатҳои сел ишғол менамоянд ва беш аз 63 фоизи хисороти иқтисодии аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ба сел рост меояд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки аксари офатҳои табииро пешгӯӣ кардан ва зарари эҳтимолии онҳоро то андозае кам кардан имконпазир аст: “Дар натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашуда дар миқёси мамлакат 381 мавзеъҳои хатарноки дараҷаи аввал муайян карда шудаанд, ки аз онҳо 186 мавзеъи таҳти хатари сел, 47 мавзеъ хавфи ярч, 90 мавзеъи обхезӣ, 25 мавзеъи эрозияи замин, 14 мавзеъи хавфи тарма, 11 мавзеъи хавфи баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ ва 8 мавзеъи хавфи сангрезӣ мебошанд”.

Ҳушдор аз моҳҳои хатарнок дар Тоҷикистон

Ӯ афзуд, ки хавфи сел дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то моҳҳои июл — октябр ҷой дорад: “Инчунин, мавсими рӯйдоди обхезиҳо дар дарёҳои кишвар аз моҳи апрел оғоз ёфта, дар ҳудуди вилояти Хатлон, водиҳои Рашту Ҳисор ва вилояти Суғд то охири моҳи май ва даҳаи якуми моҳи июн идома меёбад. Дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ин хавф бар асари обшавии пиряхҳо ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо аз моҳи август то даҳаи дуюми моҳи сентябр эҳтимол дорад”.

Пешгирӣ арзонтар аз бартарафкунии оқибати офатҳои табиист

Ба гуфтаи раисиҷумҳур иҷрои чорабиниҳои пешгирикунанда ва вокуниши саривақтӣ ба ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар ҳама маврид аз маблағҳои барои бартарафсозии оқибати онҳо чандин маротиба хароҷоти камтар лозим мешавад: “Бинобар ин, зарур аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар хусуси ташкил ва истифодабарии дурусти захираҳои моддиву молиявӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулода чораҳои қатъӣ андешанд”.

Эмомалӣ Раҳмон илова намуд, масъалаи дигаре, ки ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолатҳои фавқулода ба ҳалли бисёр чорабиниҳо монеа эҷод менамояд, аз ҷониби комиссияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода сари вақт пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳои зарурӣ мебошад, ки дар натиҷа талаботи Қарори Ҳукумати мамлакат аз 3 декабри соли 2010 “Дар бораи тартиб ва миқдори расонидани кумаки яквақтаинаи моддӣ ба аҳолии дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дағалона вайрон мегардад.

Ӯ инчунин зикр кардааст, ки аз ҷониби Вазорати нақлиёт барои сари вақт бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ дар роҳҳои мошингарди истифодаи умум аз ҳисоби муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди шаҳру ноҳияҳои мамлакат 11 гурӯҳи зудамал таъсис дода, бо 465 техникаву механизмҳои роҳсозӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд: “Онҳо ҳангоми сар задани офатҳои табиӣ ба тариқи фаврӣ сафарбар карда мешаванд. Вале таҷриба нишон медиҳад, ки фаъолияти ин гурӯҳҳо умуман ба талабот ҷавобгӯ нест”.

15 супориши Президент

Раисиҷумҳур бо мақсади дар ҳолати омодабошии доимӣ қарор додани қувва ва воситаҳои мақомоти давлатӣ ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулода 15 супоирииш мушаххас додааст:

1. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Академияи илмҳои Тоҷикистон вазъи пиряхҳо, кӯлҳо ва захираи барфро дар қаламрави кишвар то давраи гарм шудани ҳарорати ҳаво ташхис намуда, хулосаҳои худро мунтазам пешниҳод созанд.
2. Ба Саридораи геология супориш дода мешавад, ки фаъолияти Хадамоти давлатии мушоҳидаи равандҳои экзогениву геологиро ҷоннок намуда, доир ба масъалаи бо кадрҳои баландихтисос таъмин кардани сохтори зикршуда ва тавсеаи ҳамкории он бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ чораҷӯӣ намояд.
3. Вазорати нақлиёт якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо захираи сӯзишвориро ташкил карда, техникаҳои заруриро дар ҳолати омодабошии доимӣ қарор диҳад.
4. Вазорати нақлиёт фаъолияти гурӯҳҳои зудамалро ҷоннок намуда, нақшаи роҳҳои эҳтиётиро ҳангоми сар задани вазъияти эҳтимолӣ таҳия намояд.
5. Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо то давраи гарм шудани ҳарорати ҳаво дар мавзеъҳои эҳтимолии рух додани ҳолатҳои фавқулода ҷадвали навбатдории шабонарӯзиро аз ҳисоби масъулини ҷамоатҳо ва аҳолӣ омода карда, ҷойи кӯчонидани аҳолиро деҳаҳои шаҳру ноҳияҳоро аз минтақаҳои хавфнок пешакӣ муайян созанд ва нақшаи дахлдорро таҳия ва тасдиқ намоянд.
6. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо ситодҳои оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳо нақшаи чорабиниҳои пешгирикунандаи ҳолатҳои фавқулодаро таҳия ва тасдиқ кунанд.
7. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати сари вақт огоҳ намудани сохторҳои дахлдор ва аҳолӣ нақшаҳои мавҷудаи хабардоркунии ҳайати роҳбарикунанда ва огоҳ намудани аҳолиро аз нав таҳия ва тасдиқ намоянд.
8. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаҳои хавфнок чораҳои зарурӣ андешанд.
9. Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар мақомоти дахлдор оид ба ҷалби маблағҳои донорҳо ва шарикони рушд лоиҳаҳои заруриро таҳия намуда, ҳамкориро бо онҳо густариш диҳанд.
10. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва мақомоти прокуратура масъалаи пешгирӣ кардани ҳолатҳои коррупсиониро ҳангоми тақсимоти захираҳои давлатӣ ва кумакҳои башардӯстона дар вақти ҳолатҳои фавқулода қатъӣ назорат намоянд.
11. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо мақсади ба танзим даровардани сохтмони биноҳо ва манзилҳои истиқоматӣ, инчунин, пулҳо аз болои дарёҳои осебпазир бо дарназардошти риояи талаботи муҳандисиву техникии мудофиаи гражданӣ ба ҳайати комиссия оид ба ҷудо намудани қитаҳои замин, қабул ва супоридани иншооти сохташаванда намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро шомил созанд.
12. Сохторҳои дахлдорро зарур аст, ки доир ба масъалаи бунёди иншооти зидди тарма дар ҷойҳои осебпазир чораҷӯӣ намуда, минбаъд ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои таҷдиду азнавсозии роҳҳо ва пулҳо масъалаи осебпазирии маҳалро ба инобат гиранд.
13. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо талаботи қоидаҳои ташкил ва истифодабарии манбаъҳои захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногениро ба роҳбарӣ гирифта, барои ташкил ва истифодабарии дурусти захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулода чораҳои қатъӣ андешанд.
14. Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Саридораи геология фаъолияти корхонаҳои коркарди қуму шағалро ба тартиб дароварда, ҳангоми таҳияи барномаи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ барои солҳои минбаъда дар он банди алоҳида дар ин хусус пешбинӣ намоянд.
15. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои иҷрои корҳои наҷотдиҳӣ чораҳои зарурӣ андешида, наҷотдиҳандагони дастаҳои зудамали наҷотдиҳии вилоятҳо ва минтақаҳоро дар ҳолати омодабош қарор диҳад.

Даъвати мансабдорон ба кори хайру савоб

Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ кардани мардум дар лаҳзаҳои мушкилро қарзи инсониву виҷдонӣ хонда, илова намудааст: “Итминон дорам, ки ҳар як фарди ватандӯсти кишвар, махсусан шумо, масъулини соҳаи пешгириву бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ, инчунин, роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ дар иҷрои ин кори хайру савоб саҳм мегиред ва намегузоред, ки ҳамватанони мо дар чунин рӯзҳои мушкили зиндагиашон аз таваҷҷуҳу дастгирии Ҳукумати мамлакат берун монанд. Мо дар чунин лаҳзаҳо дар баробари ғамхории давлат ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ борҳо дастгирӣ ва хайру эҳсони соҳибкорони бонангу номуси кишвар ва шахсони саховатпешаро низ эҳсос намудаем, ки тавассути кумакҳои беғаразонаву инсондӯстонаи худ ба садҳо оилаҳои эҳтиёҷманду зарардида амалҳои хайру савобро анҷом дода буданд”.

Раисиҷумҳур дар охир таъкид намудааст, ки чунин ҳодисаҳо барои ҳар як фарди бонангу номус озмоиш ва имтиҳони ҷиддӣ буда, борҳо исбот гардидааст, ки мо якҷо аз уҳдаи бартарафсозии онҳо бо сарбаландӣ мебароем.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)