(ВИДЕО+АКС) Мусофири хатсайри “Душанбе-Тошканд”: 24 сол аст, ки ба зодгоҳам нарафтаам
Субҳи имрӯз, 10 феврал ҳавопаймои “СомонЭйр” ба Тошканд парвоз кард. Ин нахустин ҳавопаймои ҳомили мусофир аст, ки баъд аз 25 сол ба пойтахти Узбакистон меравад.
Томас Халлам, сарвари кулли ширкати ҳавонавардии “Сомон Эйр” дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ин парвоз озмоишиву фаннӣ буда, парвозҳои доимӣ аз рӯзи 20 феврал оғоз мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин сафар ҳайати фурудгоҳ ва ҳам ширкати “Сомон Эйр” ҳузур доранд, ки масъалаи боз кардани хатсайрҳо ба шаҳрҳои дигари Узбакистон, нархи билет, шумори парвозҳо аз ҳарду ҷонибро баррасӣ хоҳанд кард.
Дафтари матбуоти “Сомон Эйр” мегӯяд, дар нахустин парвоз беш аз 50 мусофир ба Тошканд сафар кардаанд. Ҷамила Назарова, як сокини шаҳри Душанбе аз ин шумул аст, ки гуфт, 24 сол ба ин сӯ ба Тошканд нарафтааст. Хонум Назарова афзуд, соли 1973 ба Душанбе омад ва замони Шӯравӣ ҳамеша барои дидани пайвандонаш мерафт: “24 сол мешавад, ки ба зодгоҳи худам нарафтаам. Пайвандонам ҳама дар онҷоянд. Акаву бародар ва хоҳаронамро дидан меравам”.
Мусофири дигар Ёқутхон Абдусаломова, аз ифтитоҳи хатсайр изҳори хушҳолӣ карда гуфт, барои иҳтирок дар тӯйи духтараш ба Тошканд меравад: “Қаблан мо соатҳо ба мошин мерафтем хело мушкил буд. Ин ки ҳоло бо ҳавопаймо меравем хело сабук аст. Мехоҳам визаро бардоранд ва ё сабуктар кунанд онҳо биёянд мо равем, ҳамсоягӣ ҳамин аст”.
Бештари мусофирон таъкид мекарданд, дар баробари боз шудани хатсайри ҳавоӣ агар виза низ бекор мешуд, масъалаи рафтуомадро осон мекард.
Парвозҳо дар масири Тошканд-Душанбе соли 1992 қатъ гардиданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |