Шеъри нави "Ниҳонӣ" барои ҷавонон: Ҷаҳони нав, замони нав, макони нав, нигоҳи нав (АКС)

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 9-уми феврал бо афсарони ҷавон, милисаҳои оянда ва ҷавонони гуруҳи “Пешоҳанг” мулоқот карда, онҳоро ба фаъолии бештар даъват намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ Раҳимзода дар хитоб ба ҷавонон аз ғамхории ҳукумат дар ҳаққашон зикр карда, таъкид намудааст, “ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.
Дар идома вазири корҳои дохилӣ барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористиву экстремистӣ қайд кардааст, ки мақомоти корҳои дохилӣ тамоми тадбирҳоро баҳри решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб роҳандозӣ намудааст.
Ба гуфтаи вазир масъалаи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону ноболиғон ташвишовар боқӣ монда, аз ҳар узви ҷомеа тақозо карда мешавад, ки ҷиҳати пешгирӣ аз кирдору амалҳои номатлуб ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҷавонон боз ҳам фаъол бошанд.
Зимни вохурӣ дар баробари дигар ҷавонони гуруҳи “Пешоҳанг” Саидҷамол Муродов ва Таманно Табарова шеъри «Ба ҷавонон»"-ро ифоданок ва пурмазмун қироат намуда, ду мисраи онро ҳамчун шиор ба ҷавонон пешниҳод намуданд:
Ҷаҳони нав, замони нав, макони нав, нигоҳи нав,
Саросар кишвари бахту саодат, олами шодӣ!
“Озодагон” дар поин матни комили шеъри “Ба ҷавонон”-ро, ки ба гуфтаи бархе аз манобеъ аз сӯи генерал Рамазон Раҳимзода бо тахаллуси “Ниҳонӣ” навишта шудааст, пешкаши хонандагон мекунад:
Ҷавононанд ҳам меъмору ҳам наққоши оянда,
Сазоворанд бар имрӯзу бар фардои созанда.
Ба илму бо амал дар зиндагони оқилу доно,
Фидокоранд дар ободии ин мулки поянда.
Шарафманданд бо донишу бо рафтори арзанда,
Тавоноянд бо кирдору бо пиндори арзанда.
Сухангую суханронанд дар толору маҳфилҳо,
Ба минбарҳо сухандонанд бо гуфтори арзанда.
Ҷавонон, бин, муқаддас ин Ватанро ҳамчу ҷон донанд,
Шукуфоию рушди мулк аз илму адаб хонанд.
Хурофотию ифротӣ бувад оини бегона,
Агар бинанд гумроҳе, зи роҳи бад бигардонанд.
Ҷавониро далерӣ, зиракию нанг мезебад,
Ирода, руҳи солим, бозуи чун санг мезебад.
Ҷасурию фидокорӣ чу пешоҳанг мезебад.
Худафрӯзӣ ба роҳи донишу фарҳанг мезебад.
Ҷаҳони хешро месозанд дар даврони озодӣ,
Ватан гардад диёри файзу сулҳу амну ободӣ.
Ҷаҳони нав, замони нав, макони нав, нигоҳи нав,
Саросар кишвари бахту саодат олами шодӣ!
Ниҳонӣ
Қаблан Саймӯмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба манзумаи "Дар ситоиши Пешвои Миллат” тақриз навишта буд, ки ба иттилои манобеи сомонаи “Ахбор” муаллифи манзума, ки бо тахаллуси Ниҳонӣ нашраш кардааст, дар асл вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода мебошад. Аммо дар дафтари матбуоти ВКД ин иттилоъро на тасдиқ ва на рад карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |