Азми Р.Эмомалӣ барои ҷалби пули бонки аврупоӣ ба Душанбе
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ният дорад, пули бонкдорҳои аврупоиро барои таъмини инфрасохтори хуби об, гармӣ ва мусофирбарӣ дар пойтахт ҷалб намояд.
Тавре аз шаҳрдории Душанбе ба “Озодагон” иттилоъ доданд, масъалаи ҳамкорӣ имрӯз, 9-уми феврал дар мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо ҳайати намояндагони Бонки аврупоии таҷдиду рушд баррасӣ гардид.
Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо аз ҷумла ҳамкорӣ дар бахши хоҷагии манзиливу коммуналӣ, таъмиру таҷдиди хатҳои интиқоли гармӣ, нақлиёти шаҳрӣ, тоза кардани кӯчаҳо, идораи партовҳои маишӣ, обтаъминкунӣ ва чароғонсозии кӯчаҳоро муҳокима кардаанд.
Дар мулоқот бонкдорҳои аврупоӣ омодагии худро барои густариши муносибатҳои судманди тарафайн изҳор доштаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |