Ҳукумат: Омори маошгирон аз давлат ҳар моҳ дақиқ шавад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат дастур додааст, ки назорати пардохти маош, маблағгузории сохтмонҳо ва хариди мол пурзӯр карда шавад.
Тибқи қарори имзокардаи раисиҷумҳур роҳбарони корхонаҳои давлатӣ муваззаф шудаанд, ҳар моҳ дар бораи теъдоди коргаронашон, ки аз буҷаи давлат маош мегиранд ба Вазорати молия ҳисобот пешниҳод кунанд ва теъдоди воҳидҳои кории холиро низ ироа намоянд. Инчунин ҳукумат дастур додааст, ки дар бораи азхудкунии маблағҳо дар сохтмонҳо санаи 10-уми ҳар моҳ ба Вазорати молия гузориш дода шавад.
Назорати хариди молу таъмир аз ҳисоби буҷа низ таҳти назорати шадид қарор дода мешавад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон роҳбарони шаҳру навоҳӣ ва вазорату кумитаҳоро муваззаф кардааст, ки нақшаю чорабиниҳоро барои иҷрои саривақтии буҷет таҳияю амалӣ кунанд. Ҳадафи қарор, таъмини шаффофият, иҷрои буҷа ва истифодаи самараноки маблағҳои давлат арзёбӣ шудааст.
Ин дастури ҳукумат дар ҳолест, ки тайи ду соли охир буҷаи давлатӣ дар Тоҷикистон пурра иҷро намешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |