2 500 $-нархи фурӯши 1 ҳисса замини Ватан дар Рӯдакӣ
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, арзиши фурӯши як ҳисса замин дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳудуди 2,5 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Тавре аз додситонии кулли Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ахиран шаҳрванд Низомов, як заминфурӯшро боздошт карданд, 5 ҳисса заминро ба ивази 12,5 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхтааст. Ӯ заминро тариқи сохтакории ҳуҷҷатҳо аз номи раисони қаблӣ мефурӯхтааст: “Низомов тирамоҳи соли 2013 тибқи маслиҳати пешакӣ бо Азизов, роҳбари хоҷагии деҳқонии “Нури-Алӣ”-и ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рудакӣ ба Нуралиев Ф.сокини ҳамин ноҳия ғайриқонунӣ замин фурӯхтааст. Низомов дидаву дониста, ки замин моликияти истисноии давлат мебошад, бо роҳи сохтакорӣ қарори раиси Ҷамоати деҳоти “Оққурғон” аз 29-уми апрели 2004-ро дар бораи ба номи ҳамсари Нуралиев ҷудо намудани 5 ҳисса замин таҳия карда, ба ӯ додаанд”.
Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ Низомовро барои қаллобӣ ва заминфурӯшӣ ба 9 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |