Бозгашти ҳарфи “Ц”: сиёсӣ ё илмӣ?
Бар пайи тасмими Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт, мероси хаттӣ ва шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон барои баргардондани ҳарфи “ц” ба алифбои тоҷикӣ баъзе аз забоншиносону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин иқдомро мавриди танқиди шадид қарор додаанд.
Аз ҷумла забоншинос ва нависандаи маъруф Қодири Рустам навиштааст, ки “мехоҳанд ҳарфи "ц"-ро ба алифбои тоҷикии сирилик баргардонанд, далелаш ин буда, ки дар калимаҳои иқтибосӣ истифода бурда шавад. Аммо ин далел ва далели дигар, ки дар гузаштаи забони тоҷикӣ ин ҳарф мавҷуд будааст, далели ғайриилмӣ ва бемантиқ аст.
Аммо Сайфиддин Мирзоев, мудири бахши забони тоҷикӣ дар Пажуҳишгоҳи забону адабиёт, мероси хаттӣ ва шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфтааст, ки ин ҳарф барои забони тоҷикӣ чандон бегона нест ва дар гузашта дар забони тоҷикии форсӣ мавриди истифода буд: “Пажӯҳишгоҳи мо аз пешниҳод ҷонибдорӣ мекунад”.
Вале корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки ҷойи пажуҳишҳои муҳим дар мавриди забон олимон ба корҳои ҳошияиву салиқаӣ даст мезананд. Аз ҷумла Исфандиёри Одина яке аз мудирони гуруҳи “Забони порсӣ” дар шабакаи Фейсбук ин тасмим ва мувофиқаро пешниҳоди бемаънӣ унвон кардааст: “Ба ҷои ин кор энержии худро сарфи пажӯҳиш ва омӯзиши бештару беҳтари забон кунанд, намешавад? Ба ҷои ин пешниҳодҳои бемаънӣ намешавад барои забонҳои шарқии эронӣ, монанди яғнобию рӯшонию вахию ишкошимӣ ва ғайра бо баҳрагирӣ аз алифбои форсӣ алифбоҳои муносибе ибдоъ кунанд?”
Умед Ҷайҳонӣ, забоншиноси варзидаи тоҷики муқими Маскав ҳам далели бегона набудани ҳарфи “ц” барои забони тоҷикӣ бепоя номидааст. Ба назари ҷаноби Ҷайҳонӣ “Сайфиддин Мирзоев эҳтимолан даврони шӯравиро дар назар дорад ки мегӯяд "аслан ин ҳарф (яъне Ц) барои забони тоҷикӣ чандон бегона нест ва дар гузашта дар забони тоҷикии форсӣ мавриди истифода қарор мегирифт...". Вагарна дар ҳеч замоне тоҷикон ин ҳарфро надоштанд. Агар манзурашон овози ц бошад, он ҳаргиз дар забони форсии тоҷикӣ вуҷуд надоштааст. Чунин ҳамсадое дар забони порсии бостон вуҷуд дошта, вале он ба порсии миёна нарасида, ки аз он ба форсии тоҷикӣ бирасад. Бино бар ин, иддиояшон бепоя аст. Бо ин далел ки "ин ҳарф ҳангоми навиштани калимаҳои иқтибосӣ, номи маҳалҳо ва афрод истифода хоҳад шуд" метавонанд ҳарфҳои "Ц", "Щ", "Ы" ва "Ь"-ро ҳам дар алифбои тоҷикӣ барқарор кунанд. Вале дар вокуниш ба ин пешниҳод бояд гуфташон, ки кафанро дарбеҳ намекунанд...”.
Баъзе аз корбарон далели бозгашти дубораи ин ҳарфро сиёсӣ номидаанд. Қодири Рустам гуфтааст, ки ин ки Пажуҳишгоҳи забону адабиёт аз ин пешниҳод ҳимоят мекардааст, далели ба сиёсат омехта шудани илм аст: “Гумон мекунам бозгашти "ц" ба алифбои тоҷикӣ ҷузъе аз барномаи густардаест, ки мутобиқи он марзбонони рус мехоҳанд ба марзи Тоҷикистону Афғонистон баргарданд ва шояд ҳукумат мехохад барои Путин, ки қарор аст ба зудӣ ба Душанбе ояд, туҳфа омода кунад”.
Дар баробари ин баъзе аз корбарон аз бозгашти дубораи “ц” ҳимоят намудаанд. Аз ҷумла Анора Саркорова навиштааст, ки ҳарфи "ц" дар забонҳои қадим вуҷуд дошт: “Мисолаш дар забонҳои помирӣ. Царанг - чӣ хел. Цем - чашм. Ба назари ман ин ҳарф бояд дар алифбо бошад, чунки калимаҳои зиёд ҳастанд, ки бо ин ҳарф сохта мешаванд. Шумо инкор нахоҳед кард,ки забонҳои помирӣ ба гуруҳи забонҳои иронӣ шомиланд. Гапи дигар аст, ҷойи ин ҳама ҳақирсозии забони тоҷикӣ, бояд барои забонҳои помирӣ яғнобӣ, алифбои алоҳида таҳия кунанд”.
Аммо корбарони дигар навиштаанд, ки ҳарчанд забонҳои помирӣ ва яғнобӣ аз гуруҳи забонҳои иронӣ мебошанд, вале забони форсӣ нестанд ва далели вуҷуди ҳарфи “ц” дар ин забонҳо наметавонад асос барои бозгашти дубораи он ба алифбои кирилӣ дар забони тоҷикӣ шавад.
Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт, мероси хаттӣ ва шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфтааст ҳоло ин тасмим дар баррасии коршиносни ин ниҳод қарор дорад ва баъди ин баррасӣ Қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди дубора вориди алифбо кардани ҳарфи “ц” ба тасвиб мерасад.
Ҳарфи “ц” баъди аз алифбои лотинӣ ба алифбои сирилик табдил додани алифбои тоҷикон дар соли 1941 дар баробари “ы”, “ь”, “щ” вориди забони тоҷикӣ шуда буд. Аммо дар соли 1998 бар асоси ворид кардани тағйиру иловаҳо ба имлои забони тоҷикӣ Қарори Ҳукумати Тоҷикистон содир шуд, ки ҳарфи “ц” ва дигар ҳарфҳои бегонаи алифбои сирилик ҳазф шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |