Ҳалокати 4 қочоқчии афғон дар марзи Тоҷикистон ва мусодираи маводи нашъадору аслиҳа
Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон аз се ҳолати задухӯрди мусаллаҳонаи марзбонон бо қочоқбарони афғон хабар медиҳад.
Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Қӯшунҳои сарҳадӣ ба “Озодагон” гуфт, ин ҳодисаҳо ҳафтаи гузашта ба вуқӯъ пайваста дар пайи он чор қочоқбар безарар гардонида шуда, даҳҳо кило маводи нашъадор мусодира гардид. Ба гуфтаи ӯ, дар амалиёти аввал, ки наряди сарҳадӣ ва кормандони КДАМ дар минтақаҳои дидбонгоҳҳои зертобеияти Отряди сарҳадии “Панҷ” анҷом додаанд, як қочоқчӣ маҳв шуда, чанд нафари дигар ба тарафи Афғонистон фирор кардаанд: “Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса 28 кг маводи мухаддири ҳашиш, як адад яроқи оташфишони АК 7.62, тирдон бо 30 адад тирҳояш ва як адад милтиқи шикорӣ, ду адад камераи резини дарёфт ва мусодира карда шуд”.
Амалиёти дуввум дар минтақаи Отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” гузаронда шудааст. Сухангӯи Қӯшунҳои сарҳади афзуд, дар натиҷаи задухӯрди шадиди сарҳадбонҳо ва як гуруҳи қочоқбарони номаълуми афғон 2 қочоқчӣ маҳв шуда, 1 яроқи АК 7,62 бо 2 тирдон ва тирҳояш, 27 кг маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира гардидааст: “Баъди тартиб додани ҳуҷҷатҳои лозима ҷасадҳои шахсияташон номаълум ба намояндагони сарҳадии Афғонистон супорида шуд”.
Дар амалиёти саввум ҳамроҳи хизматчиёни ҳарбии отряди сарҳадии “Панҷ” кормандони ВКД ҳам иштирок кардаанд. “Дар натиҷаи амалиёт задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ меояд. Ҳангоми аз назаргузаронии ҷойи ҳодиса як ҷасади номаълум, 1 адад яроқи оташфишони қутраш 12 мм ва тахминан 20 кг маводи мухаддири бангдона дарёфт ва мусодира гардид”,-гуфт Муҳаммад Улуғхоҷаев.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |