Шеваи нави даъвати ҷавонон ба артиш: SMS
Комиссариати ҳарбии шаҳри Алматои Қазоқистон ҷавононеро, ки синнашон ба давраи хидмати низомӣ расидааст, тавассути паёмак ё SMS ба сафи неруҳои мусаллаҳ даъват кардааст.
Шурӯъ аз оғози ҳафтаи равон сокинони аз 18 то 27-солаи Алмато дар телефонҳои ҳамроҳ паёмакҳое мегиранд, ки дар асоси он “бояд бо санадҳои худ ба кумиссариати ҳарбӣ ҳозир шаванд”. Фиристандаи ин паёмак “VOENKOMAT” буда, дар он ёдоварӣ мешавад, саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ ҷаримаеро баробар бо як ҳазор нишондиҳандаи ҳисобии моҳона ба дунбол хоҳад дошт. Як нишондиҳандаи ҳисобии моҳона ба 2269 тенге ё қариб 7 доллари ИМА баробар аст.
Сухангӯи ширкати алоқаи мобилии Tele2 ба хабаргузории Tengrinews гуфтааст, фиристодани ин паёмакҳоро шӯъбаи Вазорати дифоъ дар Алмато фармоиш дода, матни он бо ризоияти намояндаи комиссариати ҳарбӣ пахш мешавад. Ин дар ҳолест ки пештар Вазорати дифои Қазоқистон гуфта буд, барои даъват ба хидмати ҳарбӣ аз паёмак истифода намешавад ва даъватшавандаҳо дастури хаттӣ дарёфт мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |