Баъди таҳқири сафир: Раббонӣ ба Душанбе меояд
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар назар аст, ки Салоҳуддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон бо сафари расмӣ ба Душанбе ояд.
Тибқи иттилои ин ниҳод сафари расмии Раббонӣ ба Душанбе рӯзҳои 15-18 феврал сурат мегиранд: “Инчунин 10-12-уми феврал ташрифи ҳайати Ҷумҳурии Чех, таҳти роҳбарии Ян Гамачек, раиси Палатаи намояндагони парлумони ин кишвар ба Тоҷикистон дар назар аст”.
Сафари Раббонӣ ба Душанбе дар ҳолест, ки Абдулқаюми Кӯчай, сафири навтаъини Афғонистон дар Русия охири моҳи декабр дар суҳбат бо видеоблоги афғонӣ гуфт, пушти интиқоли маводи мухаддири Афғонистон русҳо ва мафияи Тоҷикистон меистад. Ӯ дар мавриди тоҷику Тоҷикистон афзудааст, ки “Тоҷикистон як кишвари бисёр кӯчак аст, ҳатто панҷ миллион аҳолӣ надорад ва як миллиони он ҳам рус аст. Фарҳанг ва забони расмиашон русӣ аст. Ҳақ надоранд, забони худро бинависанд ва ҳатто алифбои дариро тағйир додаанд. Мафия дар ин кишвар бисёр фаъол аст”.
Мақомоти умури хориҷии Тоҷикистон ин изҳоротро таҳқиру тавҳин хонда, таъкид намуданд, ки чунин изҳороти кӯтоҳбинонаи баъзе аз намояндагони Афғонистон, ки аз надоштани саводи кофӣ сар мезанад, боиси таассуф буда, садди роҳи корҳои созанда ва дар амал татбиқ намудани мувофиқаҳои қаблии ҳосилшуда мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |