Тоҷике, ки аз номи ДИИШ салом фиристод, ду сол ҳабс шуд
Додгоҳи ноҳияи Советскии шаҳри Самара як донишҷӯи тоҷикро бо ҷурми хабари бардурӯғ дар бораи амали террористӣ ду сол равонаи зиндон кард.
Вусал Алиев, ёвари додситони ноҳияи Советский гуфтааст, баррасии парванда 7 феврал ба поён расид ва додгоҳ Хурсанд Амонбеков, донишҷӯи яке аз омузишгоҳҳои ҳарбии Русияро дар паҳн кардани ахбори дуруғ дар мавриди амали террористӣ муҷрим шинохт.
Амонбеков декабри соли 2015 аз сӯи мақомоти амният ва пулиси Русия боздошт шуд. Ӯ дар як навори бозпурсӣ, ки 28 декабри соли 2015 аз ҷониби мақомоти Русия нашр шуд, худро зодаи Бадахшони Тоҷикистон муаррифӣ карда, мегӯяд, ба Самара ду ҳафта қабл назди як духтар омадааст. Аммо чун он духтар муҳаббаташро беҷавоб мондааст, хоста қассос бигирад. Ба гуфтаи Амонбеков нисфирӯзи 25 декабр вориди маҷмааи тиҷоратии “Космопорт” шуда, тариқи рақамҳои 112 ба маъмурини пулис аз насби таҷҳизоти тарканда дар ин маҷмаа хабар додааст: “Гуфтам баъди ним соат дар ин ҷо ҳама чиз ба ҳаво мепарад. Ба шумо салом аз “ДИИШ” ва соли наватон муборак”.
Мақомоти Русия мегӯянд, дар пайи дарёфти иттилоъ ба ҷои ҳодиса кормандони амнияти федеролӣ, маъмурини дастаи таъиноти махсус, ҷӯяндаҳои маводи тарканда ва дигар масъулин ҳозир шудаанд: “Аз маҷмаа ҳудуди 3 ҳазор нафар берун бароварда шуд, аммо зимни санҷиш маводи тарканда дарёфт нагардидааст”.
Хурсанд Амонбеков дар додгоҳ ба гуноҳаш иқрор ва изҳори пушаймонӣ кардааст. Дар ҳамин ҳол, ба иттилои ёвари додситони ноҳияи Советский 54 нафар, ки бештарашон соҳибони дӯконҳо дар маркази тиҷоратии “Космопорт” ҳастанд, ҳамчун ҷабрдида эътироф шудаанд. Онҳо гуфтаанд, ки хабари дурӯғи Амунбеков ба тиҷорати онҳо зарар овардааст. Маблағи умумии зарар як миллиону 130 ҳазор рубл ҳисоб шудааст.
НАВОРИ АЗ "КОСМОПОРТ" БЕРУН КАРДАНИ ОДАМОН БАЪДИ ХАБАРИ ДУРӮҒ ДАР БОРАИ БОМБ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |