Нигаронии директори “Тоҷиксуғурта”: Ширкатҳои хусусӣ шаҳрвандонро гумроҳ накунанд
Раҳбари ширкати “Тоҷиксуғурта” бо нигаронӣ аз мавҷудияти рақобати носолим дар бозори бима гуфт, намояндаи бархе ширкатҳои хусусӣ миёни шаҳрвандон аз номи “Тоҷиксуғурта” баромад мекунанд.
Аловиддин Сатторӣ 6 феврал дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “ҳар маъмур бояд ширкати худро муаррифӣ намояд, шаҳрвандонро гумроҳ накунад. Мардум фикр мекунад, ки танҳо як корхонаи суғурта дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, ҳол он ки як корхонаи дигари давлатии суғуртавӣ ва 16 ширкати суғуртавии хусусӣ дар бозор фаъолият мекунанд”.
Директори “Тоҷиксуғурта” мегӯяд, барои рақобати солим бо ширкатҳои хусусӣ омодаанд, вале ҷонибҳои дигар низ рақобати солим дошта бошанду ғайри қонунӣ фаъолият накунад. Нигаронии Сатторӣ дар ҳолест, ки бо пешниҳоди Бонки умумиҷаҳонӣ Тоҷикистон соли 2016 қонун “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”-ро дар таҳрири нав қабул кард. Тибқи талаботи ин қонун фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати носолим дар бозори суғуртавӣ манъ буда, барои “пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва бартарафсозии фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати носолимро дар бозори суғуртавӣ мақоми ваколатдори давлатии зиддиинҳисорӣ дар якҷоягӣ бо мақоми ваколатдори давлатии назорати суғуртавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти зиддиинҳисорӣ таъмин менамоянд”.
Бино ба омори расмӣ ҳиссаи ширкати давлатии “Тоҷиксуғурта” дар бозори суғуртаи ҷумҳурӣ оид ба воридоти ҳаққи суғуртавӣ 48,7 дарсадро ташкил медиҳад, аммо ҳақгузории ширкат 80 фоиз бештар аз ҳама ширкатҳои суғуртавӣ мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |