Парвандаи ҷиноӣ алайҳи ду барфрӯби тоҷик барои беэҳтиётӣ
Мақомоти тафтишотии Русия аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ду барфрӯби тоҷикистонӣ хабар дод, ки дар беэҳтиётӣ муттаҳам мешаванд.
Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия шаҳрвандони Тоҷикистон 4-уми феврал ҳангоми рӯфтани барфи боми як хона дар кӯчаи Палехскии Маскав барфро бидуни эҳтиёт поин партофтаанд: “Барф болои Арсении 2-моҳа афтидаст, ки ҳамроҳи волидонаш дар берун сайругашт доштааст. Дар натиҷа қабурғаи кӯдак шикаста, сараш осеб дидааст”.
Мақомоти тафтишотии Маскав мегӯянд, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистон барои беэҳтиётӣ, ки боиси зарари вазнини ҷисмонӣ шудааст, идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |