Худкушӣ як амали номатлубест, ки онро дар ҳама давру замон ва ҳамаи халқият маломат мекунад.
Дини мубини ислом низ ин амалро маҳкум карда, худкушро шоистаи ҷаннат намедонад.Тибқи иттилои додситонии шаҳри Кӯлоб, тайи 11-моҳи соли равон дар ҳудуди шаҳру ноҳияи ин минтақа 11-ҳодисаи сӯйиқасд ба ҷони худ аз ҷониби шаҳрвандон расман ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 6-нафар бо роҳи ба доркашӣ ё худ худовезӣ, 3-нафар худсӯзӣ ва 2-нафари дигар бо роҳи заҳролудшавӣ қасд ба ҷони хеш кардаанд. Аз ин миён, 5-нафар бонувон ва 6-нафари дигар мардон будаанд. Миёни худкушҳо 2-нафар ноболиғ ҳам будааст. Аз ҳамин шумора, 7 тан ба ҳалокат расида, 4-нафари дигар бо кӯшиши зиёди табибон ҷон ба саломат бурдаанд.
Мӯҳр