“Кёрлинг”-ро чӣ бигӯем: “Керлинг”, “курлинг” ё “сангсуронӣ”?

Кёрлинг яке аз бозиҳои Олимпики зимистонӣ аст ки дар он ду гуруҳи чаҳорнафара сангҳои бузургу гирду сайқалии вижаеро бар рӯи масире яхӣ ба сӯи хонаҳое дар поёни замини бозӣ сур медиҳанд ё месуронанд.
Чанде пеш дар яке аз расонаҳои тоҷикӣ дидам ки номи ин варзишро “керлинг” навиштаанд. Дар Эрон ин бозиро “курлинг” меноманд, вале Фарҳангистони забону адаби форсӣ “яхсанг”-ро баробараш ниҳодааст. Он дар пайравӣ аз номи бозиҳои маҳаллии Эрон сохта шуда, ки бо канори ҳам гузоштани афзорҳои он бозӣ сохта мешаванд, монанди шакарпанир, шоҳвазир ва шоҳдуздвазир, шамъгулпарвона, говгӯсола ва болобаландӣ. Ин равиш дар дигар забонҳо низ роиҷ аст. Барои намуна, бозие ки дар Эрон “санг-коғаз-қайчӣ” номида мешавад, дар инглисӣ “Rock-paper-scissor” ва дар русӣ “Камень, ножницы, бумага” ном дорад. Вале ин равиши номгузорӣ дар миёни тоҷикон камтар роиҷ аст. Аз ин рӯ, “яхсанг” барои мо гунг аст. Аз дигар сӯ, дар илми конишиносӣ яхсанг криолитро ҳам меноманд ки яке аз кониҳои камёб аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин мавридҳо ва таърифе ки аз “кёрлинг” болотар овардем, ин бозиву варзишро метавон “сангсуронӣ” номид. Сангсуронӣ аз ду вожа сохта шудааст: санг + суронӣ аз сурондан, яъне чизеро рӯи замин ё сатҳе дигар лағжондану ба сӯи пеш бурдан.
Умед Ҷайҳонӣ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |