Бахшҳо

Ҳушдори КҲФ аз лағзиши барф ва кандашавии шушаҳои ях

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар пайи боришоти барфи зиёд, ки сабаби ғарами барф дар боми хонаҳои истиқоматӣ ва муассисаҳо шуда, хатари лағзиши барфтӯдаву яхпора аз бомҳо, инчунин канда шудани шушаҳои овезон аз лабгӯшаи бомҳоро афзудааст, ба шаҳрвандон чанд тавсия додааст.

Яке аз аввалин тавсияи кумита, ин аст, ки одамон ҳангоми гаштугузор ба ҳолати бомҳо таваҷҷуҳ намоянд: “Ҳангоми мушоҳида кардани шушаҳои овезон дар лабгӯшаи бомҳои хонаҳои истиқоматии худ, зарур аст онро ба хадамоти комуналии маҳалли зистатон хабар диҳед, то ки сари вақт тоза карда шаванд. Кормандони хадамоти нигаҳбонии хонаҳо вазифадоранд ба арзу шикояти шумо сари вақт вокуниш нишон диҳанд ва пайи рафъи хатар кӯшанд”.

Тавсияҳои дигаре, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар торнамояш зикр кардааст:

Соҳибони хонаҳои хусусии якошёна бояд сари вақт бомҳои хонаҳои худро аз барф тоза кунанд, то ки дар натиҷаи об шудан он вазнинӣ ба бомҳо наорад ва муҷиби шикастурехти дигар нашавад.

Шаҳрвандон ҳангоми гузар аз роҳҳо бояд хеле эҳтиёткор бошанд. Дар роҳҳои пиёдагард ба барфтӯдаҳо, ки маъмулан зерашон ях аст, диққат диҳанд. Одатан қабати ғафси ях дар зери шушаҳои овезони бомҳои хонаҳо мешавад. Аз чунин ҷойҳо аз дурӣ гузар кунед. Агар ҳангоми гузаштан аз боло садои шубҳанокеро шунидед, дар ҷоятон қарор нагиред, саратонро боло накунед ва талош накунед бинед, ки ин чӣ садо аст. Балки хеле ба зудӣ аз он макон убур кунед. Зеро ин садои лағзиши барф ва ё ях аст. Худро зуд зери девор гиред, то даме, ки он яхпора ё барф ба замин нарасад, аз ҷой наҷунбед.

Ҳамчунин донистан хуб аст, ки аксар вақт шушаҳо дар новаҳои бомҳо шакл мегиранд, аз ин рӯ ин гуна ҷойҳо маъмулан хатарнок мешаванд.

Соҳибони мошинҳоро зарур аст мошинҳои худро дур аз биноҳо нигоҳ доранд ва воситаҳои нақлиётӣ бояд аз ҷойҳои хатаровар дуртар нигоҳ дошта шаванд.

Падару модарони муҳтарам! Кӯшиш кунед фарзандони хурдсолатонро беназорат нагузоред. Агар шумо онҳоро тани танҳо ба мактаб ва ё ба сайругашт мефиристед, пас қаблан аз хатарҳои эҳтимолии зимистони сарду пурбарфу ях огоҳ созед. Барояшон қоидаҳои бехатари убур аз назди биноҳо ва роҳҳоро фаҳмонед.

Ҳамчунин Кумитаи ҳолатҳои фаавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳоли хоҳиш мекунад аз сафарҳои бидуни зарурат ба манотиқи тармахез худдорӣ кунанд, хеле эҳтиёткор ва ҳушёр бошанд.

Ронандаҳо ҳангоми ҳаракат ба манотиқи куҳӣ ва ё ҷойҳои тармахез бояд суръат ва масофаро риоя кунанд. Дар роҳҳо ботаваҷҷуҳ ва эҳтиёткор бошед! Ҳаёти худ ва ҳамроҳону атрофиёнатонро дар хатар нагузоред!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаҳое шудед, ки бар асари лағзиши барфу афтиши шушаҳо ба амал омадаанд, ба хадамоти наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо телефонҳои 223 13 11; 221 91 19 ва ё 111 хабар диҳед.


Мӯҳр
Озодагон ин Чи намуди кадима аст. ( ғарами барф)

Ай шухихои аловудинам гзаронден шумо
Фрш додм, ғарамбид
Точики адаби нависед

Тоҷик
Student,
Равед, аввал забони модариатонро омӯзед, баъд эрод гиред. Студент!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)