Чаро “Тоҷик Эйр” ба “Ориён иншуриенс” пул медиҳаду ба “Тоҷиксуғурта” не?
Аловиддин Сатторӣ, раиси ширкати “Тоҷиксуғурта” мегӯяд, мусофирони “Тоҷик-Эйр” бояд донанд, ки суғурта нашудаанд.
Сатторӣ имрӯз, 6-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “Тоҷик Эйр” бо чор ширкати хориҷӣ ҳамкорӣ мекунаду бо ҳар баҳона бо ширкати давлатии Тоҷикистон кор намекунад: “Ин амалашонро бояд ба раҳбарияти давлату мардум фаҳмонанд”.
Ӯ зикр кард, ки ҳукумат қарзҳои “Тоҷик Эйр”-ро дар назди “Тоҷиксуғурта” бахшид: “Мо низ барои беҳтар шудани вазъи ширкат кӯмак кардем. Аммо баъди ин низ ягон сомонӣ ба ширкати мо надодаанд. Фақат баҳона мекунанд, ки полиси суғуртавии “Тоҷиксуғурта” қурби байналмилалӣ надорад. Инро бояд зикр кард, ки дар ҷаҳон ҳамагӣ 10-12 ширкати суғуртавӣ ҳаст, ки қурби байналмилалӣ дораду халос”.
Ба иттилои манбаъ, мусофироне, ки тариқи ин ширкат сафар мекунанд, донанд, ки суғурта нашудаанд ва ширкат фақат ҳавопаймою таҷҳизоташро суғурта кардааст: “Мо умед доштем, ки раҳбарияти нави “Тоҷик-Эйр” уҳдадорияшро дар назди ҳукумату давлат иҷро мекунад, аммо накарда истодааст”.
Қаблан раҳбарияти “ТоҷикЭйр” иддаои “Тоҷиксуғурта”-ро дар бораи напардохтани маблағи суғурта шарҳ дода гуфт, ин ниҳодро зарур аст ҳуҷҷати ҷавобгӯи сатҳи байналмилалӣ пешниҳод кунад. Масъулини “Тоҷик Эйр” гуфта буданд, ки полиси “Тоҷиксуғурта” дар сатҳи байналхалқӣ ҷавобгӯ нест ва маҷбур мешаванд ба дигар ширкатҳои суғуртавӣ муроҷиат намоянд.
Ба иттилои Хайрулло Раҳимов, роҳбари “Тоҷик-Эйр” ширкат соли қаблӣ ба ташкилоти суғуртавии “Ориён иншуриенс” суғурта шуда ҳама маблағро пардохт кардаанд “Ҳуҷҷати суғуртавии “Ориён иншуриенс” ба талаботи байналхалқӣ ҷавобгӯ мебошад. Мо се намуд суғурта кардем мусофирон, ҳавопаймо ва инчунин тарафи сеюм, аҳолии атрофи фурудгоҳро низ суғурта кардем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |