Имзои 8 созишнома ва хитоби Э.Раҳмон ба амири Қатар: Мӯъмин бародари мӯъмин (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 6-уми феврал бо Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, амири Давлати Қатар мулоқоти хоса дошта, сипас музокироти сатҳи олиро бо иштироки ҳайати васеъ идома додаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷонибҳо ҳавасмандияшонро барои густариши ҳамкориҳо баён доштаанд: “Барои беҳтару хубтар гардидани ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ ҳамчун қадами нахуст таъсиси Ширкати консталтингӣ, бонки инвеститсионию тиҷоратии Қатар дар Тоҷикистон ва таъсиси Бунёди молиявии Қатар амали муҳим арзёбӣ шуд”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштааст, ки ҷониби Қатар метавонад ба рушду густариши бештари муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Тоҷикистон тавассути дастгирии молиявии татбиқи лоиҳаҳои хурду миёна, маблағгузории лоиҳаҳои энергетикиву обии дорои аҳамияти миллию минтақавӣ, аз қабили сохтмони хатҳои интиқоли барқи баландшиддати фаромарзӣ, неругоҳҳои барқи обии бузургу миёна, зеристгоҳҳо, ба роҳ мондани парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ дар Тоҷикистон ва содироти он ба Давлати Қатар, ҳамчунин фароҳамсозии шароити мусоид барои содироти оби хушсифати нӯшокии кишвари мо ба давлати худ фаъолона иштирок намояд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур ҳар ду ҷониб рушди ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ, ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоиро аз имконоти дигари густариши муносибатҳо маънидод карданд: “Пешниҳод гардид, ки як гуруҳи муштарак барои таҳияи стратегияи ҳамкорӣ дар бахши саёҳат таъсис дода шавад. Ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоӣ байни ду кишвар бошад, иқдоми муассире дар самти тавсеаи имкониятҳои рафтуомади саёҳон хоҳад шуд”.
Дар мулоқот инчунин масъалаҳои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаи таъмини амният, дастёбӣ ба созишу ризоият ва таъмини сулҳу субот дар кишварҳои мусулмонӣ, ҳалли вазъи мураккаби сиёсии Афғонистони ҳамсоякишвари мо, дар чаҳорчӯби ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкориҳои исломӣ, баррасӣ карда шудааст.
Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот таъкид дошт, ки дар роҳи тарғиби амалҳои башардӯстӣ, арзишҳои неки исломӣ кишварҳои мусулмониро лозим аст, ки бар асоси асли «мӯъмин бародари мӯъмин» бо истифода аз имконоти худ ҷиҳати рафъи чолишҳои дигари замони муосир саъю талоши бештар намоянд: “Эмомалӣ Раҳмон аз Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват ба амал овард ва даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, дар пайи анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури сарони давлатҳо 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини амният;
Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар соҳаи фарҳанг;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Қатар;
Ёддошти тафоҳум байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти молиявӣ ва бонкӣ;
Созишнома байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқ;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба алоқаи ҳавоӣ;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |