Довталабон ба кадом ихтисос дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ надоранд?
Масъулони Маркази миллии тестии Тоҷикистон мегӯянд, талабот ба беш аз 100 ихтисос дар кишвар хеле кам аст.
Абдулбосид Юлдошев, ёвари директори Маркази милии тестии Тоҷикистон 6 феврал ба “Озодагон” гуфт, аз 5 гуруҳи ихтисосҳо, талабот ба гуруҳи аввал “Табиӣ-Техникӣ” кам мебошад. Аммо вай таъкид намуд, ин маънои онро надорад, ки онҳо бояд баста шаванд: "Дар асл таваҷҷуҳи мардум ба он ихтисосҳое кам аст, ки ҷомеа ба он ниёз дорад”.
Ҷаноби Юлдошев барои мисол аз нарасидани мутахассисон дар бахши технологияҳои маҳсулоти ширӣ ва ғизоҳои кӯдакона мисол аст. Дар ин баробар, ёвари директори Маркази миллии тестӣ таъкид намуд, дар баъзе ихтисосҳо, ба монанди ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодӣ талабот аз ҳад зиёд шудааст: “Ин масъала бояд ба танзим дароварда шавад. Ихтисосҳое, ки мутахассисонаш зиёд шудааст, кам ва таваҷҷуҳи мардум ба ихтисосҳое, ки талаботи кам доранд, бештар карда шавад. Мо ҳамасола таҳлил карда, ба мақомоти дахлдор пешниҳод мекунем ва онҳо қарор қабул мекунанд”.
Ба гуфтаи ӯ, Агентии омори Тоҷикистонро зарур аст, то муайян намояд, ки имрӯз ҷомеа ба кадом ихтисосҳо ниёзи бештар дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |