(ВИДЕО) Суғуртаи ҳаёти Қаҳҳор Маҳкамов то ҳол пардохт нашудааст

Аловиддин Сатторӣ, раиси ширкати “Тоҷиксуғурта” мегӯяд, то ҳол маблағи суғуртаи ҳаёти Қаҳҳор Маҳкамов, раисиҷумҳури пешин ва узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон пардохт нашудааст.
Сатторӣ имрӯз, 6-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, хаттӣ ба Маҷлиси Миллӣ дар масъалаи пардохти суғуртаи ҳаёти Қаҳҳор Маҳкамов дархост равон кардаанд, аммо посух нагирифтаанд: “Аз ҷониби наздикони Маҳкамов низ барои пардохти маблағи суғурта дархост ворид нашуд. Агар муроҷиат кунанд, маблағи суғурта пардохт хоҳад шуд”.
Сатторӣ ҳаҷми суғуртаро муодили 8 маоши марҳум арзёбӣ кард.
Ба гуфтаи масъулин барои Қаҳҳор Маҳкамов ҳамчун раисиҷумҳури собиқ суғурта пардохт намешавад: “Суғуртаи ҳаёт дар замони фаъолияти президентӣ пардохт мешавад”.
Ба гуфтаи Сатторӣ раисиҷумҳур ва тамоми таҷҳизоте, ки дар хидматаш қарор доранд, бо суғурта фаро гирифта шудаанд.
Қаҳҳор Маҳкамов 8 июни соли 2016 дар синни 84-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ӯ моҳи ноябри соли 1990, баъд аз фурӯпошии Шӯравии собиқ, президенти нахустини Тоҷикистон интихоб шуда, соли 1991 ба истеъфо рафт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |