(ВИДЕО) Раиси “Тоҷиксуғурта”: Пули 1000-сомонӣ супориш аз боло набуд
Аловиддин Сатторӣ, раиси “Тоҷиксуғурта” мегӯяд, пешниҳоди зердасташ барои нашри пули 1000 сомонӣ бо акси раисиҷумҳур супоришӣ набуд. Сатторӣ имрӯз, 6-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, пешниҳоди Шариф Каримов, раиси дафтари “Тоҷиксуғурта”-и Шаҳринав дар мавриди нашри пули 1000-сомонӣ ин мавқеи шаҳрвандии ӯст: “Баъзан гапҳо аст, ки гӯиё ин дастур аз боло аст. Шахсан аз ҷониби раиси “Тоҷиксуғурта” ин хел супориш нашудааст. Ин мавқеи шахсии ҳамон нафар аст”. Раиси Тоҷиксуғурта таъкид намуд, ки пешниҳоди Каримовро дастгирӣ мекунад ва нашри пул бо акси раисиҷумҳур дар қиёс бо хидматҳое, ки Ҷаноби Олӣ кардааст, ҳеч аст. VIDEO
Шариф Каримов сентябри 2016 зимни ироаи ин пешниҳод дар матбуот гуфт, маҳз бо шарофати Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷаҳон Тоҷикистону тоҷиконро мешиносанд. Каримов навиштааст, бо талошҳои Президент ҷанг дар Тоҷикистон хотима дода шуд ва гурезаҳо ба ватан баргаштанд. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ахиран дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, барои омӯзиши нашри пули 1000-сомонӣ бо акси Эмомалӣ Раҳмон дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо гуруҳи корӣ фаъолият дорад. Ӯ таъкид намуд, ки салоҳияти гирифтани тасмими ниҳоӣ дар бораи нашри пули 1000-сомониро ҳукумат дорад: “Гуруҳи корӣ меомӯзад ва ба ҳукумат пешниҳод мекунад”. Раиси Бонки миллӣ таъкид намуд, ки агар раисиҷумҳури Тоҷикистон аз нашри пули 1000-сомонӣ ҷонибдорӣ кунад, онро амалӣ хоҳанд кард. Нурмуҳаммадзода гуфт, пешниҳоди чопи пули 1000-сомонӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва шахсони алоҳида ироа шудааст. Ба гуфтаи раиси Бонки миллӣ дар ҳоли ҳозир пуле, ки дар гардиш аст барои қонеъ намудани талабот кофӣ мебошад. Аз соли 2000 сомонӣ пули миллии Тоҷикистон аст. 1 сомонӣ бо акси Мирзо Турсунзода, 3 сомонӣ бо акси Шириншо Шотемур, 5 сомонӣ бо акси Садриддин Айнӣ, 10 сомонӣ бо акси Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 20 сомонӣ бо акси Абуали ибни Сино, 50 сомонӣ бо акси Бобоҷон Ғафуров, 100 сомонӣ бо акси Исмоили Сомонӣ, 200 сомонӣ бо акси Нусратулло Махсум ва 500 сомонӣ бо акси Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ба муомилот бароварда шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 »Душ Сеш Чор Пан Ҷум Шан Якш 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30