Бахшҳо

Омадани Путин: Барои фурудгоҳи Айнӣ, вуруди Тоҷикистон ба АвруОсиё ё?

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Сафари қарибулвуқуи Путин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон, як каме ғайриинтизор ба назар мерасад. Аммо аз лиҳози ин ки сафар дар шаборӯзи гармогармии баҳсҳои бешумору ҳалношудаи Душанбеву Маскав сурат мегирад, як миқдор ҳасосиятбарангез низ ҳаст. Хусусан, баъд аз барканории Маҳмадсаид Убайдулоев ва бигӯ магӯҳо дар мавриди гузинаҳои гуногуни интиқоли қудрат.

Масъалаҳои калидии ҳалношуда миёни Душанбе ва Маскав, ки барои расонаҳо ва омма маълум мебошанд, кам нестанд. Ҳоло масълаи дар ихтиёри Русия гузоштани фурудгоҳи низомии Айнӣ, ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, баргаштани низомиёни рус ба марзҳои Тоҷикистон ва ғайра мавзуъоти меҳварии суҳбати Путин бо Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе гуфта мешаванд. Мавзуъоти дигаре назири сабти ном нашудани хабаргузории “Россия сегодня” дар Тоҷикистон ва як миқдор масъалаҳои хурду резаи дигаре ҳам миёни Маскаву Душанбе ҳалношуда боқӣ мондаанд.

Ба тахмини зиёд мавзуъи марказии сафари Путин ниҳоӣ кардани вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё қарор мегирад. Зеро Игор Шувалов, муовини нахуствазири Русия ӯзи 27 январ, баъд аз нишасти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар Душанбе ба хабаргузории РИА “Новостӣ” чунин гуфт: “Мо бояд ба сафари президент Путин ҷиддӣ омода бошем, ки ҳафтаҳои наздик сурат мегирад. Умед дорем, баъзе масъалаҳои ҳалношуда то замони сафари ӯ ниҳоӣ хоҳанд шуд. Мо ин сафарро бесаброна интизор ҳастем ва умед дорем, пурсамар хоҳад буд”. Мантиқан, баъди чунин изҳороти Шувалов дарк кардан мумкин аст, ки то омадани Путин ин гуна масоил ниҳоӣ мешаванд. Зеро аз нигоҳи равобити байналмилал Путин ба кишварҳое чун Тоҷикистон барои имзо меояд, на барои дигарбора баррасӣ кардани масъала. Вале то кунун аст, ки вазирону давлатмардони Тоҷикистон мегӯянд, ки ин масъала мавриди омӯзиш қарор дорад ва Тоҷикистон намехоҳад мисли дигар ҳамсояҳо ба таври осемасар ворид шавад. Вале дар ин маврид масъалаи ҳалношудаи дигаре низ ҳаст, ки аҳамияташ барои Путин аз масъалаи аввалӣ камтар нест. Соҳиб шудан ба Фурудгоҳи низомии Айнӣ.

Сафири Русия Игор Лякин-Фролов дар Тоҷикистон чанде пештар дар як нишасти хабарнигорон гуфт, ки Русия ҳавасманди истифода аз ин фурудгоҳи ҳарбиву ҳавоӣ аст. Сафири Русия далели ҳавасмандии кишварашро ба пойгоҳи 201-уми вобаста кард. Лякин-Фролов ҳатто гуфта буд, ки матни созишнома омода асту марҳилаи мувофиқа шудани он баррасӣ мешавад. Вале дар мавриди фурудгоҳи низомии “Айнӣ” мушкили аслӣ ин аст, ки ин фурудгоҳ бо 70 миллион доллари Ҳинд бозсозӣ шудааст ва худи Ҳинд ҳам яке аз кишварҳоест, ки мехоҳад ҳузурашро дар ҳамсоягии Афғонистон таъмин кунад. Ин буд, ки ҳамагӣ баъди як рӯзи изҳори назари сафири Русия дар Тоҷикистон Вазорати хориҷаи Ҳинд дар ин маврид мавзеъгирӣ намуд.

Мубошир Ҷавод Акбар, вазири хурди умури хориҷии Ҳиндустон 5-уми январ зимни нишасти матбуотӣ ба суоли хабарнигорон дар мавриди дархости Русия барои гирифтани фурудгоҳи Айнӣ гуфт, ки “бовар надорем Русия метавонад хилофи манофеи стратегии Ҳиндустон кор кунад. Муносиботи мо бо Русия аз имтиҳони вақт гузаштааст ва муътақидем, ки озмоишҳои ояндаро низ паси сар хоҳад кард. Мо фикр намекунем, ки Русия хилофи амнияти Ҳиндустон ва манофеи миллии мо кор кунад”.

Талошҳо барои соҳиб шудани ҳаққи истифода бар фурудгоҳӣ Айнӣ аз ҷониби Русияву Ҳинд тӯли ин солҳо дар ҳолест, ки вазири вақти корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ гуфта буд: “ Тоҷикистон ба ҷуз аз Русия дар масъалаи истифодаи фурудгоҳи “Айнӣ” бо дигарон ҳамкорӣ нахоҳад кард". Ва ҳоло Русия бидуни созишномаи истифода ҳам чанде аз чархболҳояшро дар ин фурудгоҳ мустақар кардааст. Ҳамчунин аз масъалаҳои доғи дигар дар муносиботи Маскаву Душанбе, ки солҳост бар сари он баҳсҳои расонаиву байнидавлатӣ ҷараён дорад бозгашти дубораи марзбонҳои Русия ба марзи Тоҷикистону Афғонистон мебошад. Вале зоҳиран ба назар мерасад, ки ниҳоӣ шудани ин масъла дар сафари мавриди назари Путин матраҳ нест.

Тоҷикистон дар баробари ин қадар “хостаҳо”-и Русия мехоҳад, ки додугирифте бикунад, аммо дар ин росто ба чӣ ифоқае мерасад мушаххас нест. Вале тахмин меравад, ки Тоҷикистон дар баробари ҳимояти Русия аз низоми сиёсии феълии Тоҷикистон, ҳамчунин хостаҳои дигаре низ дорад. Вале хостаҳои кӣ бароварда мешавад, дар сафари Путин шоҳид хоҳем шуд.


Акс аз бойгонӣ
Мӯҳр
Мо намехохем ва ЕВРАЗ дохил шавем. Хукумат бояд фикри мардумро Пеш аз хама кунад. Ба умеди ваъдахои Россия шудан даркор нест. Дар 25 сол чи хизмате ба мо кард,ки мекунад ? Гайр аз фишору тахдид ва тахкиру тарс додан дигар Хеч коре накардааст. Бо ворид шудан ба Евразия тамоми фабрикахои навтаъсиси ватани фалач мешавад. Иктисодият ру ба пасти меравад. Мисоли ин гуфтахо Киргизистон ва белоруссия. Ягонтои ин кишвархо манфиат надидаанд аз ин созмон. Бар акс дар фикри баромадан аз ин созмонанд.
Хукумат бояд фикри ояндаи иктисодиёти ватаниро кунад. Корхонахои навтаъсисро бояд ояндаашонро андешад. Барои ваъдахои бардуруги Путин набояд ояндаи иктисодиёти ватаниро ба нобуди барем.
Бигузор хамаи мухочиронро ронанд вале набояд мо пеши Россия таъзим кунем. Хош гуем!!!!
Озодагон хохиш мекунам хамин фикри маро ба дастгохи чаноби оли фиристед то хонанд ва як хулосаи хуб бароранд.

МерганБердӣ, худуш як ӯйла кун: 1 миллиону бештар аз он тоҷик дар Русия, ҳукумат бо поддержкаи Маскав сари қудрат истодаст, бештар аз 11000 солдату афсари урус дар Тоҷикистон, иқтисод пойбанди урус, чандин генералу полковники тоҷик шаҳрванди Рус, 544 ҳазор шаҳрванди оддӣ низ гражданствои урус доранд, боз чӣ сари таъзим будасту масхарабозӣ? бобои Мерган,
бобои Мерган,

дед Снайпер
- Орзу дар пирӣ ҳам айб нест..

Бобои Мерган Шумо як одами бесавод будед о ношукригари кадан даркор не, медонед 50 фоизи Точикистон дар Россия кор кадестан..

1012
Айни хол даромадан лозим лекин механизми баромадро низ фаромуш накунем чунки алакай дар он об будем якбор.Баъдан озодии мо ба киммати калон ба даст омадааст инро низ бояд фаромуш насозем.

ваватандор
шумо бесавод хастед. Якбор ба тарих руй оваред Россия барои мо хеч коре накардааст он 1 милион мухочире ки шумо мегуед онхо мехнати халол карда истодаанд. дохил шавии ватани мо фоидае ба даст намеоварад балки зарар барои мо аст. росия корш факат фанду фиреб аст. дар европа барои гирезахо ва мардуми бекор пул медиханд дар росия чи 4 тангае ки бечорахо кор мекунанд бо патенту кимчихо карда аз мухочирони мо меситонанд. бало бар сари росия.

Shagolahmad
мухочир,
Бобои Мергана шумо хамон вакт босавод мегуед, агар он кас гуяд: гастарбайтерхо, гуломони асри 21, сангхурдахои сип-сурх, туалетхои русоро хамеша тоза кунед, саратона набардошта гуломи кунед, як бурида нонро аз нангу номуси одами боло донед, ба тахкиру дашном одат кунед,лаб во накунеду хизмати хочагонатона кунед...
Манкуртизм !

Носкаш
Хар чизе ки огои Путин хост, хамон мешавад. Дигар хамаи гапхо фоида надорад..... бхур бчар бгард

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)