Омад-омади Путин: Ҳукумат қарзи “Сангтӯда-1”-ро аз андоз "бахшид"
Ҳукумати Тоҷикистон нерӯгоҳи “Сангтӯда-1”-ро, ки аксари саҳмияҳояш дар дасти Русия мебошанд, аз пардохти 12 миллиону 495 ҳазору 845 сомонӣ қарзи андоз озод намуд.
Тибқи ин қарори ҳукумат, ки ҳафтаи гузашта имзо гардид, дар иваз "Сангтӯда 1" аз қарзи “Барқи тоҷик” дар назди нерӯгоҳ 12 миллиону 495 ҳазору 845 сомониро кам мекунад.
Ин иқдоми ҳукумати Тоҷикистон дар пасманзари ҷаласаи ахири комиссияи байниҳукуматӣ ва омад-омади қарибулвуқӯи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ба Душанбе роҳандозӣ шудааст.
Дар маҷмуъ тибқи иттилои раёсати “Барқи тоҷик” ширкаташон аз “Сангтӯда 1” ба ҳолати аввали соли равон ҳудуди 650 миллион сомонӣ қарздор мебошад.
Ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон қаблан низ барои дастгирии “Барқи тоҷик” “Сангтуда-1”-ро аз пардохти даҳҳо миллион сомонии қарзи андоз озод карда буданд ва бар иваз масъулини ин неругоҳ қарзи “Барқи тоҷик”-ро коҳиш дода буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |