Бахшҳо

Дастури Президент дар бораи қабристонҳо: Масту ҳайвонҳо надароянд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи гузашта бо имзои қарори ҳукумат тартиби нигоҳдорӣ ва истифодаи оромгоҳҳоро тасдиқ намуд.

Бар асоси ин тартиб, ки нусхааш дар ихтиёри "Озодагон" аст, мақомдорони маҳаллӣ масъули нигоҳдории оромгоҳҳо таъин шуда, истифодабарии оромгоҳҳо тибқи анъанаю маросимҳои миллӣ ва русуми аққалиятҳое роҳандозӣ мешавад, ки дар Тоҷикистон истиқомат мекунанд.

Ҳукумат қарор кардааст, ки оромгоҳҳо бояд ҳамарӯза барои зиёрат ва дафн бемонеа кушода бошанд: “Мақомоти масъули маҳалллӣ бояд дафтари қайди дафнҳо ва сангҳои мазорро таҳияю нигоҳдорӣ кунанд”.

Инчунин муқаррар шудааст, ки дар ҳудуди оромгоҳҳо вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, ҳузур доштан дар ҳолати мастӣ, вайрон кардани санги мазор, чарондани чорво, сӯзондани алафи хушк мамнуъ мебошад: “Масъулин бояд оромгоҳҳоро тоза, дар доираи меъёрҳои зиддисӯхторӣ, санитарӣ ва меъморӣ нигоҳ доранд”.

Ин қарори ҳукумат дар ҳолест, ки ахиран дар Қирғизистон масъалаи дафни як зан, ки гӯиё пайрави дини дигар будааст, баҳсҳо барангехт ва боис шуд, ки ҷасад чанд бор аз як гӯристон ба гӯристони дигар интиқол дода шавад.
Мӯҳр
сода
Хохиш мекунам ходимони зиддисухториро барои штрафи мурдахо рои накне

Акнун кабристонхоро низ хукумат дар ихтиёри худ гирифт?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)