Ализода: Касе ҳуқуқ надорад, ки ҳаққи афви Қудратовро бигирад
Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, касе ҳуқуқ надорад, ҳаққи афви Шуҳрат Қудратов, вакили маҳкумшудаи тоҷикро нақз кунад.
Ализода имрӯз, 3-юми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, хуб мешуд агар Шуҳрат Қудратов дар масъалаи татбиқи афв ба дафтари ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат кунад: “Чунки бо парванда шинос шудан даркор, бояд ҳисобукитоб шавад. Вай ҳуқуқшинос аст, ин чизҳоро хуб медонад. Агар бояд афв шавад, касе ҳуқуқ надорад ин ҳақашро бигирад”.
Ахиран Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон аз шарҳи афв нашудани ҳуқуқшиноси тоҷик Шуҳрат Қудратов худдорӣ карда, шарҳи ин масъаларо ба мақомоти судӣ вогузор намуд.
Ин дар ҳолест, ки Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва вакили дифои Шуҳрат Қудратов бо нашри як муроҷиатнома ба унвони Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон хост, ки меъёрҳои қонун “Дар бораи афв” нисбат ба зерҳимояш татбиқ гардад ва ӯ озод карда шавад.
Раҳматулло Зоиров ин муроҷиатномаи худро 20-уми январ, дар рӯзи 40-солагии Шуҳрат Қудратов нашр карда, таъкид намудааст, ки меъёрҳои қонуни афв дар баробари зерҳимояаш ғайриқонунӣ татбиқ нашудаанд.
Раиси ҲСДТ дар ин муроҷиатномаи худ иддао кардааст, ки татбиқ нашудани қонуни афв нисбат ба Шуҳрат Қудратов асоси ҳуқуқӣ надорад. Ба гуфтаи Зоиров татбиқ накардани меъёрҳои қонуни афв нисбати Қудратов ба бархӯрди субъективию сиёсии шахсони мансабдоре рабт дорад, ки салоҳияти табиқи қонуни мазукурро доштанд: “Ман бори дигар тамоми меъёрҳои қонуни афвро таҳлил кардам ва бори дигар мутмаин шудам, ки Шуҳрат Қудратов ба ду асос метавонист таҳти ин қонун қарор бигирад ва татбиқ накардани ин меъёрҳо ба далоили субъективӣ дар худии худ ҷинояти мансабӣ аст”.
Ҳамчунин дар ин муроҷиатномаи худ Зоиров изҳор доштааст, ки маҳкум кардани Шуҳрат Қудратов бар асоси моддаи 320, яъне талош барои додани пора, беасос ва ғайриқонунӣ буд.
Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик ва муовини раиси ҲСДТ моҳи январи соли 2015 бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ - 320 (додани пора) ва 247 (қаллобӣ) барои 9 сол равонаи зиндон шуд. Аммо Додгоҳи олии Тоҷикистон 3 март ҳукми зиндони ӯро аз рӯи моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ лағв ва аз рӯи ин модда 87 ҳазору 600 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима баст. Моҳи марти 2015 аз ҳукми зиндони Қудратов 3 солу 8 моҳ боқӣ монда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |