Омбудсмен дар бораи шиканҷаи наҳзатиҳо ва ҳамкорӣ бо САҲА
Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон мегӯяд, намояндаи дафтараш дар мурофиаҳои додгоҳии аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ иштирок доштаанд ва аз маҳкумшудаҳо шикояте нагирифтаанд.
Ализода имрӯз, 3-юми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, бо наҳзатиҳои маҳкумшуда гуфтугӯҳо доштаанд ва ягон нафарашон дар мавриди бадрафторӣ, шиканҷа ва нақзи ҳуқуқҳояшон шикоят накардаанд: “Агар чунин муроҷиат ворид шавад, мо ҳатман расидагӣ мекунем”.
Омбудсмени тоҷик, ки моҳи сентябри соли гузашта бо нишони эътироз аз ҳузури наҳзатиҳо ҳамроҳи ҳайати Тоҷикистон ҷаласаи солонаи САҲА-ро тарк карда буд, имрӯз изҳор дошт, ки ҳамкориро бо САҲА идома хоҳанд дод. Ализода гуфт, салоҳиятҳои САҲА дар Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Ба гуфтаи омбудсмен аз ҷумла масъалаи хароҷоту маблағгузории САҲА баррасӣ мегардад ва буҷаи он бозбинӣ мешавад.
Дар мавриди иддаои созмонҳои байналмилалӣ, ки вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бадтар шудааст, Ализода гуфт бештари чунин иддаоро ба исёни Ҳоҷӣ Ҳалим рабт медиҳанд ва онҳо беасосанд. Омбудсмени тоҷик бар ин аст, ки вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон тайи соли 2016 беҳтар шудааст.
Ӯ даъвои созмонҳои байналмилалиро беасос хонда, афзуд, ки ин созмонҳо аз ягон кишвар тавсиф намекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |