Тарма роҳи Хуҷанд-Душанберо дубора баст
Шӯъбаи бозрасии давлатии автомобилии Суғд мегӯяд, дар пайи фаромадани тарма дар минтақаи Майхура шоҳроҳи “Хуҷанд-Душанбе” баста шудааст.
Карим Ҷуъмаев, сухангӯи ин Шӯъба имрӯз, 3 феврал ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, дар пайи фаромадани тарма ва барфрезии шадид дар километри 51 то 71 роҳ банд шудааст: “Аз ин рӯ, аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва мусофирон хоҳиш менамоем, ки аз сафар ба пойтахт ва ба вилояти Суғд худдорӣ намоянд”.
Ин дар ҳолест, ки роҳи “Душанбе–Хуҷанд” рӯзҳои истироҳат шоҳиди тармафароиҳои зиёд шуд ва то имрӯз расман аз ҳалокати 5 нафар дар ин минтақа хабар расидааст. 31 январ мақомот хабар доданд, ки тибқи ҷадвали тасдиқгардида ҳаракат аз самти Душанбе ба Хуҷанд дар рӯзҳои тоқ ва баръакс дар рӯзҳои ҷуфт сурат мегирад.
Акс аз "Азия Плюс"
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |