Додситонӣ: Барои боздошти Кабирӣ гуфтушунид дорем
Ҷамшед Мирзохонзода, сардори раёсати парвандаҳои махсусан муҳими Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, гуфтушунид барои боздошту истирдоди Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ идома дорад.
Мирзохонзода имрӯз, 3-юми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Кабирӣ таҳти муҳри махфӣ ҷараён дорад: “Ӯ дар кофтукоби байналмилалӣ мебошад. Бо мақомоти дахлдор ҳамарӯза гуфтушунид сурат гирифта истодааст. Агар иттилое дар мавриди боздошти Кабирӣ ё ягон узви ҳизб пайдо шуд, мо ВАО-ро огоҳ хоҳем кард”.
Содиқ Шоҳназаров, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ илова намуд, он рӯз дур нест, ки Кабирӣ ва дигар афроди мавриди пайгард барои ҷиноятҳои содиркардаашон дар назди қонун, миллат ва давлат ҷавоб хоҳанд дод.
Ин дар ҳолест, ки пулиси байналмилалӣ ё Interpol Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро бо иттиҳоми “терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва қаллобӣ” расман таҳти пайгард қарор дода, соли гузашта аксашро дар сомонааш нашр намуд.
Охирҳои моҳи июли соли 2016 Муҳиддин Кабирӣ изҳор дошта буд, дар ҷустуҷӯи пулиси байналмилалӣ нест. Ин иддаои Кабирӣ баъди он садо дод, ки Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар нишасти хабарие изҳор дошт, раиси ҲНИТ таҳти пайгарди байналмилалии Интерпол қарор дорад. Кабирӣ дар суҳбате бо “Исламнюз” гуфта буд, Интерпол дархости Тоҷикистонро барои мавриди пайгарди байналмилалӣ қарор додани ӯ рад кардааст.
4 августи соли гузашт Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ниҳодаш таъкид намуд, тамоми ҳуҷҷатҳои лозим барои боздошти Кабирӣ ба кишварҳои хориҷӣ равон шуда, пулиси байналмилалӣ ӯро ҷустуҷӯ мекунад.
Муҳиддин Кабирӣ баъд аз интихоботи парлумонии соли 2015 ба хориҷи кишвар сафар кард. Моҳи сентябри соли 2015 дар пайи исёни генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири мудофиа фаъолони ҲНИТ боздошт шуда, Додгоҳи олӣ онро террористӣ эълон кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |