Қатъи парванда алайҳи писари ноиби сарвазир: Айби мошин буд (ВИДЕО)
Додситонии кулли Тоҷикистон аз қатъи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Фаромуз Саидови 23-сола, писари Давлаталӣ Саидов, муовини аввали сарвазири кишвар хабар дод.
Шариф Ҳабибуллоев, сардори раёсати назорати милитсияи Додситонии кулли Тоҷикистон имрӯз, 3-юми феврал дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, парванда алайҳи Фаромуз Саидов дар робита ба садамаи маргбораш қатъ шудааст. Ӯ шарҳ дод, ки дар пайи баррасии маводи парванда муайян шудааст, ки садама бо сабаби ҷой доштани мушкили техникӣ рух додааст.
Ҳабибуллоев афзуд, ки парванда аз ҷониби муфаттиш қатъ карда шуд ва чанд рӯз қабл барои омӯзиш ба додситонии кулли Тоҷикистон пешниҳод гардид. Ӯ гуфт, мо далелҳои қатъи парванда алайҳи Саидовро мавриди баррасии иловагӣ қарор медиҳем ва қонунӣ будани ин қарорро муайян мекунем.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ду ҳафта қабл овозаҳо дар мавриди афв шудани Фаромуз Саидови 23-соларо рад карда, гуфт: “Дар доираи парванда алайҳи ӯ чанд ташхис гузаронда шуд. Баъзе хулосаҳои зидду нақиз буд, ман супориш додам, тафтишотро ҳар чӣ зудтар анҷом диҳанд”.
Ӯ ҷузъиёти хулосаҳоро ироа накард ва афзуд, ки айни ҳол парванда барои омӯзиш ба додситонии генералии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Сонеҳаи маргбор бо иштироки Фаромуз Саидов шаби 10 сентябри соли гузашта дар хиёбони Исмоили Сомонӣ рух дода, ду кушта барҷой гузошт. Бино ба иттилои ВКД, “дар натиҷаи ин ҳодиса Ҳилола Раҳимова, сокини 25-солаи Душанбе ва Рустам Сатторов, сокини ноҳияи Варзоб ҷон дода, худи Фаромуз Саидов бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ мебошад”.
Дар робита ба ин ҳодиса бар пояи моддаи 212-и Кодекси ҷиноӣ (вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) парванда боз шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |