АКС: Машварати Президент бо генералҳо дар пайи боришоти шадид
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 3-юми феврал бо иштироки раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот машварати корӣ доир кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласа таваҷҷӯҳи асосӣ ба вазъи боду ҳавои кишвар, бахусус боришоти шадиду беисти рӯзҳои охир равона гардид: “Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба боришоти рӯзҳои охир ба масъулини сохторҳои дахлдор, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ супориш доданд, ки баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда, амнияти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва шаҳрвандонро таъмин намоянд”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон махсусан вусъати корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, таъмини амнияти роҳҳо ва нақлиёти заминиро таъкид намудааст: “Дар кори машварат ба роҳбарияти сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот супориш дода шуд, ки барои таъмини амнияти сартосарӣ, мубориза бо коррупсия, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояту қонуншиканиҳо чораҷӯӣ намоянд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |