Нигаронии Остона аз ҳарфҳои вакили Думаи Русия

Масъулини Вазорати умури хориҷии Қазоқистон дар робита ба суханҳои вакили Думаи давлатӣ, ки гуфт, "аз ҳаққи ҳамватанони худ бояд дар саросари дунё, аз ҷумла дар Қазоқистон ҳимоят кунем", ба ҳамтоёни русашон муроҷиат кардаанд.
Ин суханҳои Павел Шперов, узви кумитаи Думаи давлатӣ оид ба умури Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамгироии Авруосиё ва робита бо ҳамватанон 26 январ дар як мизи мудаввари порлумони Русия садо доданд.
ВКХ Қазоқистон гуфтааст, бо ташаббуси ҷониби Остона муовини вазири умури хориҷии ин кишвар Мухтор Тлеубердӣ бо ҳамтои русаш Григорий Карасин телефонӣ суҳбат кардааст: "Ҷонибҳо тасдиқ карданд, ки муносибатҳои Остонаву Москва бар пояи қарордоди ҳусни ҳамсоядорӣ, иттиҳодӣ ва созишнома дар бораи марзи давлатии Қазоқистону Русия ба роҳ монда шудааст".
"Дар суханҳои вакил Шперов иддаои ҳудудӣ нисбат ба Қазоқистон эҳсос мешавад ва муроҷиати ВКХ Қазоқистонро ҷониби Русия ҷиддӣ қабул кард", - меафзояд манбаъ.
Ба иттилои хабаргузори "Интерфакс", Леонид Слутский, раиси Кумитаи умури байналмилалии Дума гуфт, "Москва ҳеч гоҳ масъалаи баргардонидани заминҳои Қазоқистонро ба ҳайати Русия баррасӣ накардааст".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |