Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи 30 январ гуфт, онҳо барои тоҷикитар кардани номи вазорату идораҳо ва ниҳодҳои дигар як гуруҳи корӣ таъсис додаанд. Ба таъкиди ӯ, ҳадаф доранд ин тарҳро зина ба зина татбиқ кунанд. Баъди нашри ин гуфтаҳои хонум Шарофзода забоншинос ва ҷойномпажуҳи варзидаи тоҷик -- Умед Ҷайҳонӣ изҳор дошт, омодааст, дар ин кори ба гуфтаи вай хайр ёрӣ бидиҳад. Дар зимн, Иршод Сулаймонӣ бо Ҷайҳонӣ суҳбате анҷом дод ва нахуст аз ӯ пурсид, вуҷуди ҳамин хараҷу мараҷ дар номгузории ниҳодҳо ба куҷо бармегардад ва ин бебандуборӣ аз куҷо маншаъ мегирад?