“Ямал” рӯзи парвози ҳавопаймояш аз “Жуковский” ба Тоҷикистонро эълон кард

Ширкати ҳавонавардии “Ямал”, ки талоши анҷоми парвозҳояш аз фурудгоҳи нави “Жуковский” ба Тоҷикистон ба “таниши ҳавоӣ” миёни Душанбеву Маскав сабаб шуд, гуфтааст, парвозҳоро моҳи март роҳандозӣ мекунад.
Андрей Дубров, директори тиҷоратии ширкат ба “ТАСС” гуфтааст, қасд доранд, аз 27 март ба парвозҳо шурӯъ кунанд. “Дар ҳоли ҳозир ҳанӯз маълумоти расмӣ дар мавриди иҷозаи парвозҳо аз “Жуковский” ба Тоҷикистонро дарёфт накардаем. Аммо созиши шифоҳӣ тавассути телефон ҳаст ва бо назардошти ин тасмим дорем, аввалин парвоз ба Тоҷикистонро 27 март анҷом бидиҳем”,-гуфтааст Дубров.
Моҳи декабри соли 2016 Тоҷикистон ба ширкати “Ямал” бо ин далел, ки дар протоколи танзими парвозҳое, ки 7 ноябри соли гузашта дар Маскав имзо шуд, парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” ба Тоҷикистон пешбинӣ нашудааст, иҷоза надод, ки ҳавопаймоҳояш аз фурудгоҳи нави “Жуковский” ба Тоҷикистон парвоз кунад. Дар пайи ин, Вазорати нақлиёти Русия парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр”-ро ба баъзе минтақаҳои ин кишвар қатъ намуд.
Дар пайи “таниши ҳавойӣ” садҳо муҳоҷири тоҷик, ки чиптаи ҳавопаймо харидорӣ карда буданд, дар фурудгоҳҳо дармонданд. Баъди чанд мулоқоти бенатиҷа, билохира 27 январ Вазорати нақлиёти Русия эълон кард, Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” аз “Жуковский” ба Душанбеву Хуҷанд ризоят дода ва ширкати “Сомон Эйр” ҳам иҷозати парвоз ба шаҳрҳои Красноярск, Краснодар, Уфа ва Оренбургро дарёфт кардааст. Аммо гуфта мешуд, “Ямал” аз тобистон ба парвозҳо шурӯъ хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |