Ду маст дар Маскав гуши як ҷавони тоҷикро буридаанд
Гуши як ҷавони тоҷикро, ки дар Русия ба ҳайси ронандаи таксӣ кор мекардааст, буридаанд.
Торнамои “МК” менависад, ин воқеа шаби 31 январ дар кӯчаи Моховойи Маскав ба вуқӯъ пайвастааст. Ба иттилои манбаъ, вақте шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон аз мошин берун шуда ба назорати чархҳои он машғул будааст, ду ҷавони сархуш бо ишора ба тоҷик буданаш ба таҳқири ӯ шурӯъ кардаанд. Ҷавон аз онҳо хостааст, барои ин суханҳо узр пурсанд: “Баъди ин яке аз ҷавонҳо ӯро дошта, дигарӣ бо корд гушашро буридааст”.
Торнамо менависад, ҷавонон аз ҷойи ҳодиса фирор карда, ҷавони тоҷик бо кумаки як роҳгузар, ки Ёрии таъҷилиро даъват кардааст, ба беморхона бурда шудааст: “Ҳоло вазъи ӯ хуб аст. Аммо гуши буридаро пайдо накардаанд. Шояд нобакорон онро бо худ бурда ё партофтаанд”.
Аз рӯи ин далел мақомоти тафтишотӣ ба санҷиш оғоз кардаанд. Ҳанӯз касе дар ин робита боздошт нашудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |