Бахшҳо

"Сомон Эйр": Парвозҳои мунтазам ба Тошканд 20 феврал оғоз мешаванд

Ширкати “Сомон Эйр” мегӯяд, нахустин парвоз ба Тошканд, ки соати 10:00-и 10-уми феврал анҷом дода мешавад, техникӣ буда, парвозҳои мунтазам аз 20-уми феврал оғоз мегардад.

Бар асоси иттилоияи ин ширкат парвозҳо ба Узбакистон то охири мавсими зимистон ҳафтае як маротиба рӯзҳои душанбе ва дар мавсими тобистон ҳафтае ду маротиба, рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе амалӣ хоҳанд шуд.

Ширкати “Сомон Эйр”, ки нархи чиптаи ҳавопаймо дар масири Душанбе-Тошкандро наздики 150 доллари амрикоӣ муайян кардааст, далели гаронии нархи ин парвозҳои 45 дақиқаиро низ шарҳ додаст. Бар асоси иттилоияи ин ширкат арзиши чипта дар масири Душанбе-Тошканд 1164 сомониро ташкил медиҳад, ки тибқи қурби барои имрӯз муайянкардаи Бонки Миллӣ муодили 147 доллари амрикоӣ мебошад. Масъулини “Сомон Эйр” гаронии чиптаро ба арзиши баланди хидматрасониҳои фурудгоҳӣ дар Тошканд рабт доданд, ки барои ҳар мусофир 76 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ин ширкат мегӯяд, дар сурати дарёфти сабукӣ аз ҷониби Тошканд имкони бозбинии нархи чиптаҳо мавҷуд мебошад.

Мӯҳр
точ
Ин нарх баробари нархи Душ- Новосиб.
Кай ин ширкатхо гами мусофиронро мпефахмида бошанд?

Хучанди
Ачабо, ман бо нархи 235 сомони дар точикэйр аз Душанбе ба Хучанд рафтам аммо баъди 4-руз дар бозгашт тавассути ширкати сомонэйр бо нархи кариб ду баробар зиёд ба Душанбе баргаштам. Хизмату парвози самолётхо аз якдигар хеч фарке надоштанд. Чаро парвози Тошканд-ро точикэйр ба ухда намегирад?

Сафар
Замони шуравй 17 сум буд, руфако!! Ман мерафтам дар Чилонзор ё Чорсу обед карда меомадам.

озод
хизматрасонии хамаи фурудгоххо факат барои Точикистон кимат аст е иштихои Сомон Эйр?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)