Бахшҳо

"Шпаргалка" барои шинохти Убайдуллоев: Ба Худо қасам, ба писари амакам аз ҳисоби шаҳр хона надодам

Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқ шаҳрдори Душанбе ва раиси феълии Маҷлиси Миллӣ, имрӯз, 1-уми феврал 65-сола шуд.

Раҷаби Мирзо,
рӯзноманигори маъруфи тоҷик ва фаъоли ҷамъиятӣ, ки солҳои охир бо Убайдуллоев ҳамкории зич дошт, дар рӯзи 65-солагӣ 65 иқтибоси Убайдуллоевро нашр намудааст, ки дар суҳбатҳо ва ҷаласаҳояш баён доштааст.

Раҷаби Мирзо мегӯяд, аз 23 августи соли 2012, ки мулоқоти "Бе миёнаравҳо" - и шаҳрдор бо фаъолони шабакаи иҷтимоии Фейсбук сурат гирифт, то 26 сентябри соли 2016, дар 58 ҷаласа, иҷлосия ва гуруҳҳои зиёди кории шаҳрдорӣ ширкат доштааст. Ӯ афзуд, барои ҷаласаҳои шаҳрдорӣ дафтари хосе ихтисос дода, он ҷо аз ҷумла иқтибосҳоеро сабт намудааст, ки барои шинохти бештари Убайдуллоев кӯмак мекунанд:

1. Ман ҳанӯз дар замони мактабхониам барои нашрияҳо мақола менавиштам. Ҳаққи қалами хуб ҳам дарёфт менамудам.
2. Даркор шавад, аз мансаб меравам, аммо имону виҷдони худро намефурӯшам.
3. Бовар дорам, маро онҳое ҷонибдорӣ мекунанд, ки фаросату савод доранд, ҳақиқат мехоҳанд.
4. Шиори асосии ман:"Аввал Худо, баъд қонун!".
5. Маош дар Душанбе нисбат ба манотиқи дигари Тоҷикистон 2,5 маротиба зиёд аст. Дар кишварҳои дигари ИДМ чунин нишондод нест.
6. Ташаккул додани афкори ҷамъиятӣ имрӯз осон нест. Барои ин ақлҳои бузург лозим, то одамонро мутмаин сохта тавонанд.
7. Вақте 65 оиларо тӯй кардем, барои онҳо аз Ӯзбекистону Туркия либос харидорӣ карданд. Оё айб нест? Инро бешарафӣ гуфтан мумкин?
8. Барои мо зарур нест, ки ТВ " Пойтахт" 24 соат барнома пахш кунад. Муҳимаш мушкилоти шаҳр нишон дода шавад. Аз мардум пурсед, ки чӣ мушкил доранд ва дар ТВ суҳбати киро тамошову гӯш кардан мехоҳанд.
9. Дар давраи роҳбариам аз мактабҳои мавҷуда бештар мактаб сохтам. Инро барои худ ифтихор медонам.
10. Шукронаи Худованд, ки моро ба Истиқлолият расонд!
11. Биёед ошкор гӯем, рақамҳое, ки дар ҳисоботатон медиҳед, воқеӣ нестанд. Бадбахтии мо дар дуруғгӯист.
12. Виҷдонам азоб медиҳад, ки нисбати бархе лафзи қабеҳро истифода мекунам. Чӣ, магар мо бе сухани қабеҳ имкони шаҳрдорӣ надорем?
13. Ҳангоми сафари хидматиам ба Аврупо таи 12-15 соат Қуръон хондам. Ана роҳат!
14. Дар Фаронса бо сенат дар бораи пайдоиши инсон баҳс кардем. Ӯ фаҳмиши худро мегуфт, ман аз нигоҳи ислом. Ба бисёре андешаҳоям розӣ шуд.
15. Президентро на ман Президент кардам, на шумо. Ӯро Худованд Президент кардааст.
16. Ман мефаҳмам, ки дар пойтахт мушкилот кам нест. Хоҳишҳои мо шояд аз имконотамон камтар меояд.
17. Имрӯз барои ҳар душанбегӣ тафаккури шаҳрӣ лозим. Мафҳуми "душанбегӣ" бояд дар мағзҳо ҷо дошта бошад.
18. Мо танҳо барои интихобот не, бояд доимӣ мисле кор кунем, ки ҳар рӯз интихобот дорем.
19. Фаъолшавии нерӯҳои сиёсии расмии мухолиф ба манфиати мост. Онҳо моро барои беҳтар кор кардан бояд таҳрик диҳанд.
20. Депутатҳои шаҳрӣ, кадоме аз Шумо дар 5 соли вакилӣ ақаллан як лоиҳаи қарор омода намудед?
21. Маҳаллаи "Ховарон"- ро пештар кӣ дида буд? Бовар мекунед, мо аз як ҷои партовпартоӣ шаҳрак бунёд намудем?!
22. 103 ветерани ҶБВ дар навбати хона аст. Мо роҳҳои ҳалли мушкили онҳоро меёбем. Танҳо бояд ҳамаҷониба омӯхт, ки кадоме танҳо барои хона гирифтан худро дар пойтахт сабти ном накунанд.
23. Ба Худо қасам, ба писари амакам аз ҳисоби шаҳр хона надодам. Худораҳматӣ дар хонаи иҷора сафари охират кард.
24. Кор кардан бо занҳо осон нест. Худи ман дар 24-солагиам корро аз коллективи занона сар кардам. Ин гуна муҳит инсонро қавӣ месозад.
25. Бовар кунед, мардуми тоҷик беҳтарин инсонҳоанд. Ҳамаро мефаҳманд. Танҳо онҳоро мутмаин карда тавонистан лозим.
26. Ман қавл додам, ки пас аз 63 солагӣ гапи сахту дурушт намегӯям. Имрӯз дидед? Убайдуллоев худро контрол карда метавонад!
27. Биёед имсолро соли мубориза бо дуруғгӯӣ эьлон кунем.
28. Имонро аз рӯи либос муайян намекунанд.
29. То лаҳзае, ки сари мансабам, вазифаи худро аз рӯи масъулият иҷро хоҳам кард.
30. Прокуратураи шаҳр бо ташаббуси худ чӣ кор кардааст? Барои чӣ фаъолияти милиса ва дигар сохторҳоро мавриди санҷиш қарор намедиҳад?
31. Роҳи муборизаи ман бо душманонам як аст- кори масъулиятнок!
32. Дигар аз гап сер шудаем. Ташнаи пешниҳодҳои креативием. Корро бояд дар доираи "Аз сухан ба амал!" давом дод.
33. Идеал барои мову Шумо Худованд ва Ҳазрати Муҳаммад (с в) аст.
34. Тоҷикистон акнун аз шумори кишварҳои қашшоқ ба қатори мамолики рӯ ба рушд ворид гашт. Дигар ба мо кӯмаки башардӯстона намедиҳанд. Инро ҳар тоҷикистонӣ бояд ҳамчун ифтихор ва масъулият қабул намояд.
35. Набояд қарору тасмимҳоро мисли замони шӯравӣ ба таври тоталитарӣ баровард. Равед, бо сокинони пойтахт машварат кунед!
36. Бояд раисони комиссияҳои депутатӣ истифода кардан аз салоҳиятҳояшонро ёд гиранд.
37. Ҷамоатчигӣ ва фаъолони пойтахт, хоҳиш мекунам, хомӯш набошед! Ман ба ҷаласаҳо бо умеде меоям, ки арзу доди мардумро бароям мерасонед. Тасаввур намоед аз байни ҳазорон сокини Душанбе Шумо имкони рӯёрӯ бо шаҳрдор ҳарф задани масъалаҳоро доред. Илтимос, инро ҳамчун масъулият қабул намоед.
38. Аз ҳисоби сохтмони Маҷмааи тандурустии Истиқлол 65 миллион сомонӣ сарфа шуд. Бо ин маблағ имкон дорад 2-3 мактаб сохт.
39. Беҳтар он аст, ки дар бораи проблемаҳои доштаамон худамон баҳс кунем, роҳи ҳал ёбем. То дигарон барои эрод ҷо наёбанд.
40. Шояд мепурсед, ки раиси шаҳр чаро ба нафақа намеравад? Зеро, тибқи қонунгузорӣ ин салоҳияти роҳбари давлат аст, ки маълум намояд: кӣ ба нафақа равад, кӣ не!
41. Соли 1992 дар Корея сафари хидматӣ доштем. Маро он чиз тасхир намуд, ки мардум омодаанд як ҳафта бе пул барои давлат кор кунанд. Ин аст масъулияти давлатдорӣ.
42. Тафаккури "Ман роҳбар!"- ро бояд бо фаҳмиши "Ман дар хидмати халқам" иваз намуд.
43. Синфи 8 мехондам. Ҳамсояамон барои куштани мурғ даьватам намуд. Натавонистам. Аз ҳамон вақт ҳис кардам, ки куштан кори ман нест.
44. Душанбе ба бозори бузург табдил ёфтааст. Дар мо нархи бархе маҳсулот, ҳатто аз минтақаҳои маҳсулотофар пасттар аст. Аммо соҳиби мол бояд донад, ки дар Душанбе танҳо моли хушсифатро фурӯхтан мумкин!
45. Қурбон Мирзоалиев, ки дар гузашта роҳбари ман буд, барои сохтмони маркази савдо иҷозат гирифт, аммо хонаи истиқоматӣ сохт. Гуфтам, ки мегардонемаш! "Мовароуннаҳр" низ аз ошёнаи муқарраршуда бештар сохт. Онро ҳам чаппа кардем. Албатта ман аз тахриб кардани биноҳо ҳаловат намебарам. Вале волоияти қонунро набояд ба "худӣ"- ву "бегона" ҷудо намуд.
46. Ман ба хотири модарон (ҷаласаи як рӯз пеш аз Иди Модар - 7.03.16) аз ҷо хестам. Бонувону модарон барои ман ҷойгоҳи хос доранд. Мутаассифона натавонистам ба модарам хидмати дурусте анҷом диҳам, чун барвақт даргузаштанд. Аммо мо дар оила аз як апа, як хоҳар ва 6 бародар иборатем. Яъне аввалу охири мо зан аст. Ин ҳам шояд дар худ маънии хос дорад.
47. Ман суханронии пешакӣ тайёркардашуда ( вобаста ба Иди Модар) надорам. Фаъолияти ман доим ҳамин буд: ҳама чӣ, доим ногаҳонӣ (спонтанно)! Аммо ҳарчӣ мегӯям, самимона аст. Ба ин ҳам бовар надорам, ки ягон шоиру адиб даъво карда тавонад, ки ҷойгоҳу мартабаи Зан - Модарро дар эҷодаш ба пуррагӣ ифода кардааст.
48. Чаро раисони шаҳраку маҳаллаҳо барои маъракаи даъвати хизмати ҳарбӣ машғул бошанд? Ин вазифаи онҳо нест! Ҳукумат ба кумитаи ҷавонон, занон ва дигарон маошу корманд медиҳад. Пас, бигзор онҳо ба мардум вазифаву уҳдадориҳои шаҳрвандонро мутобиқи банди 43 Конститутсия фаҳмонанду ҷавононрр ҷалб намоянд.
49. Масоили вобаста ба барқро мардум бояд аз "Барқи тоҷик" пурсанд, на шаҳрдорӣ! Ин масъулияти онҳост.
50. Ба иштирокчиёни ҶБВ 2000 сомонӣ аз ҳисоби Президент ва 2000 сомонӣ аз ҳисоби шаҳрдорӣ туҳфа мешавад. Аммо мукофотпулиҳоро ба хонаашон баред! Боз худнамоишдиҳӣ карда, одамони калонсолу барҷомондаро саргардон накунед, ки ба идораи шумо биёянд.
51. Шукри Худо, ки чанд соли ахир зимистон гарм меояд. Ман хаёл мекунам, ки Худо пеш аз ҳама раҳми маро хӯрд.
52. 4 феврали соли 1996 ман истеъфо додам. Мутаассифона баъди ман дар шаҳр касе ташаббусро ба даст нагирифту худаш ба истеъфо нарафт. Ман танҳо як мудири шӯъбаро ба хотир дорам, ки ариза навишту бо хоҳиши худ аз кор рафт.
53. Ҳаромхӯриро бас кунед! Ман бо чашмони худ дидам, ки одамон бо чӣ азобҳо ҷон медоданд. Оқибати коратонро фикр кунед...
54. Барои як сокини пойтахт 531 литр об сарф мешавад. Ҳол он ки дар аксари кишварҳо аз 100 литр бештар нест.
55. Украинаву Русия чаро пеш мераванд? Зеро маорифи пешрафта доранд!
56. Пештар мегуфтанд, ки говҳои дар пойтахт вуҷуддошта мардумро бо шир таъмин мекунаду агар онҳо набошанд, мардум бе шир мемонанд. Аммо ҳоло мошини комбинати шири Душанбе ба тамоми маҳаллаҳо шири сифатнокро бо нархи аз ширфурӯшҳо арзонтар мерасонад. Пас тафакурро бояд иваз намуд!
57. Ман дар хонаам на сантехник мекобам, на электрик. Зеро худам ин ҳунарҳоро дорам.
58. Дар шаҳр, агар мушкиле ҳаст, ман худро гунаҳкор меҳисобам, ки масъулини шаҳрдорӣ ин мушкилиҳоро асос гузоштаанд.
59. Дар шаҳр 1200 комиссия, аз ҷумла комиссияҳои ҷамъиятӣ фаьолият мекунад. Мо мехоҳем институти назорати ҷамъиятиро қавӣ гардонем ва масъулиятро зиёд. Пас чаро қонуншиканиҳо ҳанӯз ҳам ҷо доранд?
60. Ҳарфи Худованд аст, ки "аз ман олимон бештар тарс доранд". Зеро онҳо бештар дарк мекунанд ва аз ин рӯ масъулият эҳсос мекунанд.
61. Ягон бор дидаву шунидаед, ки ман ягон тӯйи хонаводагиамро бодабдабаву аз талаботи қонун берун карда бошам? Аммо овозаи тӯйҳои бархе мансабдорони сатҳи паст ба мо ҳам мерасад.
62. Лоиҳаи қарор дар бораи тағйир додани нархи мусофиркаширо имзо накардам. Саволҳо бисёранд. Хулосаи Агентии зиддиинҳисориро интизор мешавем.
63. Яке аз рисолатҳои худамро ман дар мубориза бо миёнаравҳо мебинам. Онҳо мисли паразит ба ҳама халал мерасонанд. Аз ин хотир, сомонаи “Бе миёнаравҳо” - ро фаъол намудем.
64. Чаро бо мушкилоти пойтахт танҳо шаҳрдор мубориза барад? Зеро дигарон худро ба дигарон ганда карданӣ нестанд!
65. Ман аз ҳисоби маоши худам маблағ ҷамъ меоварам, то ба Ҳаҷ равам, ё Худованд рӯзе амонаташро гирифт, аз пули ҳалоли меҳнатиам масраф кунанд.
Мӯҳр
Фархори
Мухтарам Убайдуллоев Махмадсаид Шуморо бо рузи зодрузатон табрик намуда куллахои баландро таманно дорем. Дар таърихи навини Точикистон номи Шумо бо харфхои заррин сабт хохад шуд.

Зодруз муборак мухтарам М. Убайдуллоев! Ман ба хамаи корхои ба анчом додаи Шумо рози хастам, аммо нисбати мактабхои шахр ягон чорае наандешидед. Директорони мактабхо сари хар нафар талаба "доля" мегиранд. Ман дар сайти Шумо инро чанд маротиба навиштам, аммо бо чи сабабе Шумо аз паи ислохи ин масъала нашудед. Умуман, дар мактабхо "бардак" аст, ки хамаи мардум инро медонад, зеро аз хар хонаводае на кам аз як талабаи мактабрав асту ба хама ин проблема ошно аст..... Шояд Р. Эмомали аз паи ин мешуда бошад...

Зодруз муборак мухтарам Мухаммадсаид Убайдуллоев ба шумо умри дарози бобаракат таманно дорам. Бигузор он адолати доштаи шумо насиби тамоми мансабдорони кишвар шавад. Худованд ниятхои некатонро амали гардонад.

Максуд
Табрие Убайдулови марди хуб ва кодон 100сола шавен бад аз он пир шавен барори кор ба шумо

Саидахмад - Вешаб
Шахсан аз номи худам Махмадсаид Убайдуллоевро ба рузи зодрузашон, ки ба синни мубораки 65 солаги кадам ниходанд табрику муборакбод гуфта, ба эшон тансихати, умри бардавом ва тамоми хушихои зиндагиро орзумандам. Ба гуфти шоири ширинкалом:
Хохам аз номи Худо бахри ту умри безавол,
Шухрати Фирдавсиву ширинии шеъри Камол.
Бо эхтироми самими Саидахмад - аз дехаи Вешаби н.Айнии вилояти Сугд

Фарид
ШУморо самимона ба зодрузатон муборак мегуям. Худованд доимо Шуморо дар панохаш нигах дорад! Аз хамин суханатон халоват бурдам. "Қурбон Мирзоалиев, ки дар гузашта роҳбари ман буд, барои сохтмони маркази савдо иҷозат гирифт, аммо хонаи истиқоматӣ сохт. Гуфтам, ки мегардонемаш! "Мовароуннаҳр" низ аз ошёнаи муқарраршуда бештар сохт. Онро ҳам чаппа кардем. Албатта ман аз тахриб кардани биноҳо ҳаловат намебарам. Вале волоияти қонунро набояд ба "худӣ"- ву "бегона" ҷудо намуд."

Дехкон
Соли 2001 донишгохро хатм намуда ба дехаамон баргаштам баъд аз 7 сол яъне соли 2008 гузорам ба Душанбе афтод ва 10 руз мехмони Душанбе шудам бовар кунед аз он Душанбее ки солхои 2001 ман дар ончо тахсил карда будам хеч нишоне боки намонда буд ба кулли хамачо дигаргун шуда аст бинохои нав ,рохои обод, богу гулгаштхои дилкаш хулас ба чашми акл бовариам наомад наход ин хамон Душанбеи вайрону валангоре ки ман дида будаму дар ончо тахсил кардаам хамон бошад хеле шод шудам ва аз дидани манзарахои зебои Душанбе халоват мебурдам .Хулоса ахсан ба собик раиси шахр Махмадсаид Убайдулоев ,ки фармону хидоятхои Пешвои миллатро сармашки кори худ намуда Душанбеи харобазори бади чанги шахрвандиро ба шахри орзухо табдил дод.Ба раиси нави шахр мухтарам Рустами Эмомали барори кор, мувафакият,неруи кавию сихатманди орзу дорам бигузор дар 10-солаи оянд шахри Душанбе на кам аз Парижу Дубай гардад бовари дорамки аз инхам зиётар мегардад . Ин назари шахсии худи ман боки дар амони Худо бошед чаноби Убайдулоев .Зодруз муборак.

М
Зодруз муборак Худованд ба Шумо умри дарози пурбаракат насиб гардонад!!!

ш.Душанбе, Ростин.
Рачаб, офарин ба ту! Агар журналистони дигар хам ба рохбарон хамин гуна бахо дода метавонистанд, он гох чамъияти мо ба чамъиятхои аврупои баробар мешуд.
Дар хакикат Убайдуллоев як мактаби бузург аст. Хар касе,ки орзуи рохбари хакики шуданро дорад, бояд аз ин мактаб омузад. Донад, ки каси принсипнок, халолкору поквичдон ва росткавлу ростгу ана хамин тавр сараш баланд мемонад. Убайдуллоев имруз дар вазифа нест, вале кору амалхоеро, ки у барои мардуми пойтахт анчом дод, човидони боки мемонанд. Барои як одам ин кифоя аст.
Мухтарам, Махмадсаид Убайдуллоевич! Ифтихор кунед, ки 65 соли умрро бар хадар набурдаед. Боз худро кам нагиред, ки дар нафакаед, холо хам барои мардуми точик химати зиёде карда метавонед. Ба Шумо тани сихат хотири чамъ ва осудагии умрро таманно дорам! Худованд умри хазорсоларо ба Шумо насиб гардонад. Зихи, инсони хоки ва накукор!

Тоҷик
Муҳтарам М Убайдуллоев аллоҳ шуморо боз умри бобаракат диҳад ки хизмати ватану миллатро кунед
Ва Аллоҳ душманони миллати тоҷикро сарнагун кунад
Чандин ҷой васфи хуби шумо ва фарзандонаторо кардам ва шунидам
Арзандаӣ ҳамаӣ васфед
Аллоҳ нигаҳбони шумо ва фарзандрнатон бошад

Сугурта
Хак ба чониби беном дар ин чо гуфтан лозим аст, ки он диреторони мактабхое, ки интихоб шуданд тасодуфан таъин шуданд, якхелашон то хатто диплом надоштанд.

Бародари бузургу гироми хизмати бовичдононаи Шумо назди миллат, давлат ва Пешвои он хеле ва хеле арзандаю ибратомуз аст. Бо ин Шумо метавонед як Умр фахр ва рухбаланди намоед. Халолатон бод............

Сокини шахр
Зодруз муборак мухтарам Убайдуллоев. Нисбати пешравии шахри азизамон Душанбе хизматхои зиеде кардаед. Шумо бо аклу хирад як ганчинаед. Касе кадри чунин ганчинаро надонад у нобиност. Хамеша тансихативу сарбаландии шуморо хохонам.

Шахбоз
№46. "....6 бародар иборатем...." хаёл мекардам, Шумо танхо дар оила 1 писар хастед.
Якхелша Вазир мемонан, дуги писаи акаву додарои увора мебини.

Офарин Убайдуллоев, нашунидам ки акаву додари шумо корхои гайри конуни карда бошанд.
Зодруз Муборак! Хамшахри.

"4 феврали соли 1996 ман истеъфо додам. Мутаассифона баъди ман дар шаҳр касе ташаббусро ба даст нагирифту худаш ба истеъфо нарафт. Ман танҳо як мудири шӯъбаро ба хотир дорам, ки ариза навишту бо хоҳиши худ аз кор рафт."
Чй хел?!!!
О ними шахсоне ки дар вазифа кор мекарданд, мегуфтанд ариза навиштем. Дигар намехохем кор кунем. Лекин раис Убайдуллоев чавоб надод дуруг будааст-да?!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)