Қонуни нав: Ҳукумат ҷилави нархҳоро дар арафаи идҳо мегирад
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 1-уми феврал қонуни нав дар бораи ҳимояи рақобатро қабул намуд, ки бар асоси он назорати ширкатҳои ҳукмфармо дар бозор бештар ва нархҳо дар рӯзҳои ид аз ҷониби ҳукумат танзим мешаванд.
Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа дар парлумон гуфт, тибқи қонуни нав ширкату корхонаҳое, ки саҳмашон дар бозор аз 15 фоиз бештар аст, ба феҳрасти ширкатҳои ҳукмфармо ворид мешаванд ва фаъолияташон таҳти назорат хоҳад буд. То ҳол ширкатҳои ҳукмфармо онҳое маҳсуб мешуданд, ки саҳмашон дар бозор аз 25 фоиз боло буд.
Қодирзода инчунин аз анъанаи ҷаҳиши нархҳо дар арафи идҳо зикр карда, илова намуд, ки барои ҷилавгирӣ аз ин раванд ба қонунгузорӣ меъёри нав ворид мешавад. Ӯ афзуд, барои ҷилавгирӣ аз ҳолатҳои сӯиистифода бо тасдиқи ҳукумат нархҳои маҳсулоти ниёзи аввали аҳолӣ ба муддати то 90 рӯз тасдиқ мешавад ва масъулин риояи онро назорат хоҳанд кард.
Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳадафи ин иқдомро ҳифзи рақобат ва ҳуқуқи истеъмолкунандагон хонд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон изҳор дошт, ки барои ҷилавгирӣ аз ҳолатҳои сӯиистифода бояд назорати доимӣ роҳандозӣ шавад. Зуҳуров ҳамчунин таъкид намуд, ки ҷилави монополистҳо гирифта шавад. Ӯ зарур хонд, ки рақобати солим таъмин шавад: “Як кас набояд як соҳаро монополия кунад. Ҳама бояд имкони иштирок дар бозорро дошта бошанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |