Шарҳи муовини вазир дар бораи камтаваҷҷуҳии сармоягузорон ба минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ”

Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мизони пасти сармоягузорӣ ба минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ”-ро ба масоили амниятӣ дар марз бо Афғонистон рабт дод.
Ҷаноби Давлатзод имрӯз, 31 январ дар нишасти хабарии вазорат гуфт, тамоми инфрасохтор барои истеҳсолот дар ин минтақа мавҷуд аст. Ӯ афзуд, минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” дар маҳалли хеле хуб, шафати пули Панҷи поён, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад, ҷойгир аст, “аммо масъалаи амнияти сарҳад давоми ин солҳо дар сатҳи баланд набуд. Сармоягузори хориҷӣ новобаста аз он ки инфрасохтор ҳаст, барқ ҳаст, девор иҳотабандӣ шудааст, замин ҳаст, тамоми инфрасохтор фароҳам аст, лекин сармоягузор вобаста ба амнияти сарҳад метавонад, ки аз сармоягузорӣ худдорӣ кунад”.
Ба гуфтаи муовини вазир, феълан дар минтақаи мазкур ду ширкат ба фаъолияти истеҳсолӣ машғуланд, ки соли сипаришуда ба маблағи 136,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Умед Давлатзод дар идома гуфт, минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҷаҳон ҳама вақт самарабахш намешаванд: “Дар дунё ба ҳисоби миёна агар 2000 минтақаҳои озоди иқтисодӣ бошад, фоизи муваффақи онҳо 35-40 дарсадро ташкил медиҳад, вале новобаста аз ин ҳукумати Тоҷикистон кушиш дорад ин минтақаҳо самаровар бошанд”.
Дар Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ мавҷуд аст, ки бузургтаринаш дар Данғара ҷойгир мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |